Бар пояи тағйироте, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардид, ҷозо барои ҳаракати бадахлоқона нисбати ноболиғон сахттар гардид.
Тағйироти мазкур аз ҷониби Парлумони кишвар қабул шуд ва 13-уми ноябри соли 2023 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон имзо шудааст.
Банди нав ба моддаи 142-и Кодекси ҷиноятӣ ворид гардида, тибқи он барои ҳаракатҳи бадахлоқона “нисбати ду ё зиёда шахсони баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида” аз панҷ то ҳашт соли зиндон бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки то ин замон барои ҳаракати бадахлоқона нисбати шахсони баръало ба синни 14 нарасида, аз ду то панҷ соли зиндон пешбинӣ шуда буд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки содиршавии ҳаракати бадахлоқона нисбати ноболиғон солҳои охир дар расонаҳо зиёд баҳс мешавад.
Масалан, ҳодисаи таҷовуз ба номуси духтари 12-сола аз сӯи марди 42 сола дар ноҳияи Ҳисор, ки соли 2019 рух дода буд, вокунишҳои шадидро ба бор оварда буд.
Махсусан вақте додгоҳи ин ноҳия марди гумонбарро ба 5 соли зиндон маҳкум ва баъдан дар асоси қонуни афв озод намуд, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интиқодҳо зиёд шуданд ва Додгоҳи олӣ маҷбур шуд ин ҳукмро бекор ва таҷовузгарро маҳкум ба зиндон кунад.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста