Бо гузашти панҷ рӯз аз муноқишаи муҳоҷирони тоҷик бо кормандони полиси Русия Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар вокуниш кард ва гуфт, барои дарёфти ҷузъиёти бештар бо мақомот ҳамкорӣ доранд.

Ин ниҳоди дипломатӣ имрӯз, бо нашри як вокуниш навишт, ки қазияи марбут ба ҳолати дар бозори Садоводи шаҳри Маскав рӯйдодаро мавриди пайгирӣ ва назорат қарор дод.

Сафорат гуфт, ки барои муайяну мушаххас кардани ҳолати рухдода ба ҷойи воқеа аз ҳисоби кормандони сафорат гуруҳи корӣ сафарбар гардид ва бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар бозори Садовод фаъолият менамоянд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

“Намояндагии дипломатӣ барои ҳалли шаффофи қазияи мазкур дар  доираи қонунгузории давлати иқомат талош  хоҳад кард”, - гуфтааст ин ниҳоди дипломатӣ.

Сафорат аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки қоидаҳои будубош дар Русияро риоя намоянд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15-уми декабри соли равон дар натиҷаи як “нофаҳмӣ” байни муҳоҷирони тоҷик ва кормандони полиси Маскав муноқиша рух дод.

Мувофиқи фарзияи мақомоти тафтишот, рӯзи 15-уми декабр Суҳроб Юсуфов, кирокаши 21-солаи тоҷик ба амри корманди пулис ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳо “итоат накарда, ба ҳаёт ва саломатии ӯ хатар эҷод кард”.

Суҳроб Юсуфов ин айбномаҳоро куллан рад кардааст.

Бинои Сафорати Тоҷикистон дар Русия
Акс аз сомонаи tajinfo.ru

Тафтишот зери назорати шахсии роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин қарор доштааст.

Як шоҳиди ин ҳодиса рӯзи 18-уми декабр ба шарти зикр нашудани номаш ба “Азия-Плюс” гуфт, корманди пулис бо либоси мулкӣ ба ронанда ҳамла карда, аз чӯбдаст (дубинка) ва электрошокер истифода бурд.

Ба қавли манбаъ, ин нафар, ки мақомоти Русия аз ӯ чун корманди пулис ё амният зикр мекунанд, аз кирокаши тоҷик хостааст мошинашро канор гирад, аммо мунтазири посух нашуда, ба ӯ ҳамла кардааст ва латукӯб намудааст.

Ин кирдори “корманди пулис ё амнияти рус” боиси эътирози шаҳрвандони дигари Тоҷикистон гаштааст, ки дар он бозор фаъолият карда, баъзеашон шоҳиди ҳодиса шудаанд.

Аммо мақомот ва расонаҳои Русия назари шоҳидони ҳодисаро зикр намекунанд ва далели бо либоси мулкӣ ҳамла кардани “корманди пулис ё амният”-ро низ ёдовар намешаванд.

Ба навиштаи расонаҳои русӣ, нозири минтақавии пулис Суҳроб Юсуфовро дар кӯчаи Верхние поля барои тафтиши ҳуҷҷатҳо боздошт мекунад. Юсуфов ба талаботи корманди пулис итоат накарда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки фирор кунад ва ҳатто ба корманди пулис ҳамла мекунад, менависад "Осторожно, Москва".

Тибқи фарзияи мақомоти пулис, дар лаҳзаи боздошт эҳтимол дарди эпилепсияи Юсуфов хуруҷ кардааст.

Ҳангоми расонидани кумак ба боздоштшуда як гурӯҳи шаҳрвандон аз ҳисоби муҳоҷирон дахолат карда, хостаанд, ки ӯро озод кунанд ва ба мошини хидматӣ осеб мерасонанд.

Кормандони пулис ду тири огоҳикунанда ба ҳаво холӣ мекунанд.

Дар пайи ин ҳодиса, Суҳроб Юсуфов бо айби таҳқири корманди хадамоти амният то 16-уми феврал ба ҳабс гирифта шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти муттаҳидаи судҳои Маскав, ба Юсуфови 21-сола барои “зӯроварӣ нисбат ба корманди хадамоти амният (модд. 318, қ. 1 КҶ ФР) ва “таҳқири шахси мансабдор (модд. 319 КҶ ФР) айбнома пешниҳод шудааст.

Як рӯз пас Додгоҳи ноҳияи Люблинои шаҳри Маскав нисбат ба 73 муҳоҷир, ки рӯзи 15-уми декабр дар муноқиша бо кормандони пулис дар назди бозори “Садовод” иштирок доштанд, ҳукм содир намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти судҳои салоҳияти умумии Маскав.

“51 нафар дар итоат накардан ба талаби қонунии корманди пулис зимни иҷрои уҳдадориҳои хидматӣ оид ба таъмини тартибот  ва амнияти ҷамъиятӣ гунаҳкор дониста шуда, нисбати онҳо ҷазои ҳабси маъмурӣ (қ. 1, модд. 19.3 КҲМ ФР) татбиқ шуд”, - гуфта мешавад дар хабар.

Таъкид мешавад, ки боз 22 нафари дигар ба содир кардани ҷиноят мутобиқи моддаи 18.8, қ. 3 ва 18.8 қ. 3.1 КҲМ ФР (Аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ риоя накардани қоидаҳои вуруд ба Русия ё реҷаи будубош (зист) дар Русия) гунаҳкор эътироф гардида, ба маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ бо минбаъд хориҷ кардан аз кишвар фиристода шудаанд.

Бояд зикр кард, ки латукӯб ва муносибати дурушту таҳқиромез бо муҳоҷирон аз ҷониби пулиси Русия солҳои охир ба як воқеияти маъмулӣ дар ин кишвар табдил ёфтааст. Мақомоти Русия ҳар дафъа бо баҳонаҳои гуногун аз шарҳи ин гуна рафтори дурушту таҳқиромези кормандони пулис худдорӣ мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон чанд маротиба эътирози худро баён карда, тафтиши холисонаи ҳодисаҳоро хоста буд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия бошад, баъди рух додани чунин ҳолатҳо, пайваста аз таъсиси гурӯҳи корӣ ва зери назорат гирифтани таҳқиқи он хабар медиҳад. Натиҷаи фаъолияти гурӯҳи корӣ ва зери назорат гирифтани таҳқиқ дар аксар ҳолат норӯшан боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.