Меҳровар Буриев, як сокини шаҳри Истаравшан бо баҳонаи содироти нӯшокии навъи “Coca-Cola” ба Русия дар мошини боркаш беш аз 70 кг маводи мухаддирро пинҳон карда, мехост ба воситаи сарҳад аз кишвар берун барад.
Бино ба иттилои Зафар Муҳаммадиев, сардори Раёсати гумрук дар вилояти Суғд, маводи мусодирашуда навъи героин буда, вазни умумии он 71 кг 110 граммро ташкил медиҳад.
“Меҳровар Буриев дар воситаи нақлиёти боркаши тамғаи “Мерседес Бенс Актрос-184” бо ядаки тамғаи “Шмитс SKO 24”, ки ба Русия тааллуқ дошт, 65 баста маводи мухаддирро дар таги бастаҳои оби нӯшокии “Coca-Cola” пинҳон карда, аз сарҳад баровардан мехост. Номбурда обҳои “Coca-Cola”-ро нияти ба Русия бурдан дошт, аммо маълум набуд, маводи мухиддири дар таги об пинҳон кардаашро ба куҷо бурданӣ буд”, - шарҳ дод Зафар Муҳаммадиев.
Ӯ афзуд, “аз рафтору амалҳои Буриев маълум буд, ки якум бор маводи мухаддиро интиқол надодааст, яъне таҷрибадор аст”.
Айни замон нисбати Меҳовар Буриев бо моддаҳои 200, қисми 4, 32, қисми 3 ва 289, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парванда боз шудааст.
Ёдовар мешавем, ки давоми соли 2023 аз ҷониби Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд дар умум 18 ҳолати ҷиноят ошкор шудааст. Аммо ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда маълум нест.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста