Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо мақсади иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Алмаато сафар намуд.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа масъалаи омодагӣ ба нишасти ҷашнии сарони кишварҳои узви созмон ба муносибати 10-солагии таъсисёбии он, ки дар таърихи 15-уми июн дар шаҳри Остона баргузор мешавад, баррасӣ мешавад. «Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви созмон ҳамчунин лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои ба рӯзномаи нишаст пешбинишударо низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, ки санади асосии он – Изҳороти 10-солагии СҲШ дар Остона хоҳад буд», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, дар изҳороти мазкур фаъолияти созмон дар тӯли 10 соли сипаришуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, муносибати он ба вазъ ва масоили муҳими байнулмилалӣ ва нақшаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲШ таҷассум меёбанд.
Ёдрас мекунем, ки Созмони ҳамкории Шанхай 15-уми июни соли 2001 таъсис ёфта, давлатҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста