Зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи ангишт» дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон вакил Суҳроб Шарифов фаъолияти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳуриро мавриди интиқоди шадид қарор дод.
Ҳангоми суханронӣ ӯ зикр кард, ки муддати 10 сол аст, ки Тоҷикистон дар буҳрони энергетикӣ қарор дорад ва мардум эҳсос намекунад, ки ин вазорат коре мекунаду ба ягон натиҷае муваффақ мегардад.
«Тӯли солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон ягон Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) сохта нашуда, созишномаҳои мавҷуда бо шарикони хориҷӣ дар бораи сохтмони чунин иншоот мавриди амал қарор намегиранд. Ин ҷо ман созишнома бо Чин дар бораи сохтмони МБГ Душанбе-2 бо иқтидори 270 МВт-ро дар назар дорам», - гуфт вай.
Ба андешаи Шарифов, созишномаи мазкур чор сол пеш ба имзо расида, агар он саривақт амалӣ мегардид, мушкилоти таъмини пойтахт ва ноҳияҳои наздики он бо барқ то ҷое ҳал мегардид.
Дар посух ба суханронии вакил, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ изҳор кард, ки дар вазорат оид ба раҳо кардани кишвар аз буҳрони энергетикӣ тарҳҳои зиёде мавҷуданд ва дар ин самт корҳои зиёде ҳам аллакай анҷом дода шудаанд.
Аз ҷумла вай иброз дошт, ки тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон нерӯгоҳи Сангтӯда-1, агрегати якуми нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ва беш аз 270 нерӯгоҳҳои хурди барқӣ мавриди истифода қарор гирифта, ноҳияҳои баландкуҳ бо зиёда аз 2,5 ҳазор батареяҳои офтобӣ таъмин карда шудаанд.
«Дар робита ба масъалаи сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 гуфта метавонам, ки он замон баъзе мушкилоти техникӣ, аз ҷумла таъмини сохтмончиёни Чин бо манзили зист дар Душанбе вуҷуд дошт. Айни замон ин мушкилот ҳаллу фасл шуда, ман итминон медиҳам, ки сохтмони он ба зудӣ оғоз мегардад», - гуфт вазир.
Ба гуфтаи Гул Шералӣ, ояндаи наздик дар байни ноҳияҳои Исафара ва Конибодоми вилояти Суғд бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 300 МВт шуруъ мешавад.
Пас аз баррасии муфассал лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби вакилон маъқул шуморида шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста