Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили парлумон Шодӣ Шабдолов муътақид аст, ки дар паёми имсолаи президент ба парлумон сарвари давлатро мебояд таваҷҷуҳи асосиро ба масъалаи ҳарчи зудтар ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардидани Тоҷикистон мутамарказ созад.
«Президент парлумон ва сохторҳои ҳукуматиро бояд баҳри раҳо шудани кишвар аз буҳрони энергетикӣ сафарбар созад, - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» пешвои коммунистони кишвар. – Ин вазифаи аввалиндараҷа аст, чунки рушди иқтисоди миллӣ ба энергетика вобаста аст. Мушкилоти иҷтимоӣ, аз қабили нафақаву маош ва ғайраро танҳо дар сурати мавҷуд будани иқтисоди муътадил метавон мусбат ҳал кард».
Ӯ мегӯяд, таҷриба гувоҳи он аст, ки айни замон ҷумҳурӣ мустақилона ба таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар қодир нест ва барои сохтмони иншооти энергетикӣ ҷалби сармояи хориҷӣ зарур аст.
«Мо мудом аз кишварҳои ҳамсоя талаб карда наметавонем, ки ҷумҳуриро бо барқу газ таъмин намоянд, - зикр кард вакили парлумон. – Ва ниҳоят мо бояд дарк кунем, ки муддати зиёдест дар кишвари соҳибистиқлол ба сар мебарем. Мо аз истиқлол ифтихор дорем, вале акнун ин истиқлолро бояд худамон таъмин бикунем».
Шабдолов бар ин назар аст, ки дар баҳс бо ҳамсоякишварҳо сари масъалаи таъминот бо захоири энергетикӣ мавқеи Тоҷикистон «кӯдаки зудранҷеро ба хотир меорад, ки бародари калонӣ кадом як хоҳиши ӯро рад кардааст».
«Вақти ба хубӣ дарк кардани кайҳо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ фаро расидааст ва ҳамсояҳо ба мо бо дарназардошти вазъи иқтисоди бозорӣ муносибат хоҳанд кард. Дар бозор бошад, рақобати шадид ҳукмфармо буда, ҳар як иштирокчии он пеш аз ҳама дар бораи даромади бештар ба даст овардан андеша мекунад. Мо то ҳанӯз ба ҳамсоякишварҳо даъво пеш меорем ва тавре менамояд, ки «гӯё онҳо ба мо чизе қарздор бошанд», - афзуд номбурда.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста