Чанде қабл дар Душанбе машваратҳои навбатии байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Австрия баргузор гаштанд.

Ҳайати Тоҷикистонро Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Маҳмудҷон Собиров роҳбарӣ намуд. Ҷониби австрияро дар машваратҳо Сафир, Сардори Раёсати Аврупои Шарқӣ, Балкани Ғарбӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказии Вазорат оид ба масъалаҳои аврупоӣ ва байналмилалии Австрия хонум Ҳайдемари Гюрер намояндагӣ кард.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни машваратҳо ҷонибҳо мувофиқи рӯзнома масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷониба ва бисьёрҷониба, аз ҷумла омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер ба Тоҷикистон, ки соли оянда ба нақша гирифта шудааст, пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории байни Тоҷикистон ва Австрия, ҷавҳаҳои калидии татбиқӣ барномаҳои Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ҷалби сармояҳои австриягӣ ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои хурд ва миёна ва амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд.

Илова бар ин ҷонибҳо масъалаҳои мубрами байналмилалиро низ мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷумла доир ба баровардани қушунҳои байналмилалӣ оид ба сулҳ ва татбиқи барномаҳои минтақавӣ пас аз соли 2014 аз Афғонистон табодули афкор намуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки машваратҳои мазкур дар муҳити мубодилаи озоди афкор барпо гашта, ҷонибҳо перомуни мавқеъ ва назари муштарак изҳор намуданд.

 Дар мавзӯи Афғонистон, тарафҳо оид ба зарурияти талошҳои бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бобати барқарор намудани сулҳу субот, устуворӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоиди иҷтимоӣ-иқтисодии ин кишвар ақидаи ягона доштанд. Таъкид карда шуд, ки истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ба амнияти минтақавии Осиёи Марказӣ вобастагии зич дорад.

Дар фарҷоми машваратҳо, ҷонибҳо масъалаҳои рушд ва тавсеаи доираи ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ намуда, роҷеъ ба тақвияти минбаъдаи онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳамкории мутақобилан судманд изҳори умедворӣ намуданд.