Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев сафири тозатаъини Австралия дар Русия Пол Эндрю Майлер мулоқот анҷом дод.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, дар рафти вохӯрӣ атрофи сиёсат, иқтисод ва робитаҳои ду кишвар табодули назар сурат гирифт. Зимнан, сатҳи хуби тамосу ҳамкории дуҷониба, ба вежа, миёни вазирони корҳои хориҷии ду кишвар, таъкид гардид.
Ба иттилои манбаъ,ҳамчунинр Абдулмаҷид Достиев ҳамтои лаосии худ - сафири Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Лаос дар Русия Тхиенг Буфаро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Ҳангоми мулоқот вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар Тоҷикистону Лаос ва масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд.
Сафири Лаос зимни суҳбат аз нишасти минтақавии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёву Аврупо, ки қарор аст, 5-6 марти соли равон дар шаҳри Вйентиян баргузор гардад, ёдовар шуд ва ба иштироки фаъолонаи ҷониби Тоҷикистон дар он ҳамойиш изҳори умед кард.



“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста