Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шоири ба ватан баргашта Бозор Собирро ба мулоқот бо аъзои ҳизб даъват мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи марказии ҳизб хабар доданд, тавассути васоити ахбори умум аъзои ҳизб расман ӯро ба вохӯрӣ даъвт мекунанд.

«Дар суханрониҳои худ ӯ чандин маротиба зикр кард, ки фаъолияти ҳизби исломӣ дар Тоҷикистонро қатъ намудан зарур аст ва мо ӯро даъват дорем, ки бевосита ба худи мо андешаҳояшро дар мавриди ҳизб баён дорад ва сабаби хуш надоштанаш аз ҲНИТ-ро шарҳ бидиҳад», - гуфтанд дар қароргоҳи ҲНИТ.

Қобили зикр аст, ки дар мусоҳибаҳо ба ВАО Бозор Собир чандин маротиба ба ҳукуматдорон пешниҳод намуд, ки фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави кишвар манъ карда шавад. Соли равон зимни бозгашт шоир пешниҳод кард, ки аз мавҷудияти аҳзоби дигари сиёсӣ низ мебояд даст кашид.

Ёдрас мекунем, ки шоири саршиноси тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар бахши адабиёт Бозор Собир рӯзи 27-уми май аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ватан баргашт. Пас аз бозгашт аз ИМА ҳукумати кишвар ба Бозор Собир дар маҳаллаи Қарияи Болои пойтахт як манзили зист туҳфа кард.