Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матуботи сарвари давлат, дар барқияи табрикотии сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки Тоҷикистон тайи давраи рушди кишвари худ дар фазои соҳибистиқлолӣ маҷмӯи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро бо кишвари дӯсту бародари Эрон чун самти муҳими сиёсати хориҷиаш муқаррар намудааст ва баҳри рушду нумӯи онҳо пайваста талош меварзад.
«Мо таҳкиму тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди Тоҷикистону Эронро, ки ба заминаи безаволи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвар такя мекунанд, ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб медонем ва ба дурнамои онҳо бо назари нек менигарем», - омадааст дар барқия.
Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кардааст, ки муносибатҳои ҳасанае, ки то имрӯз байни кишварҳо ташаккул ёфтаанд, дар замони раёсати Ҷаноби Олӣ низ рушду густариши тоза пайдо намуда, дар заминаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мазмуну мундариҷаи ҷадид ғанӣ хоҳанд гашт.




“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста