Рӯзҳои 21-22-юми июни соли равон намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ сафир Патрисия Флор аз Тоҷикистон боздид намуд.
Чӣ тавре ки аз намояндагии ИА дар Тоҷикистон хабар доданд, рӯзи аввал ӯ бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, Шермаҳмад Шоҳиён, раиси Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, инчунин намояндагони мухолифин мулоқот намуд. Рӯзи 22 июн сафир Флор ба шаҳри Хоруғ сафар намуда, бо намояндагони сохторҳои расмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтугузор намуд.
Дар рафти мулоқотҳояш Сафир Флор масоили сиёсӣ ва амният, бо диди такомули вазъ дар Афғонистон, ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказиро баррасӣ намуд. Бо шарикон сафир Флор тавонист мубодилаи афкор оиди вазъи волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон, инчунин озодии ВАУ ва риояи ҳуқуқи мухолифин гузаронад. Сафир Флор муҳимияти гузаронидани интихоботи озоду боадолатонаро дар моҳи ноябри пешомада таъкид намуд, ки он ба субот ва такомули мамлакат мусоидат хоҳад намуд. Флор инчунин масоили захираҳои обӣ ва нерӯро баррасӣ намуда, омодагии Иттиҳоди Аврупоро дар расонидани кӯмак ба тадбирҳои таъхирнопазир дар соҳаи нерӯ, ба мисоли босамар истифода бурдани захираҳои нерӯ, таъкид намуд.
Дар шаҳри Хоруғ сафир бо раиси Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ ва раиси шаҳри Хоруғ мулоқот анҷом намуд. Флор афзуд, ки ИА кӯшишҳои ҳукумати марказӣ ва маҳаллиро барои такомули иҷтимоӣ ва иқтисодии Бадахшони Куҳӣ ва равобити хуби сарҳадиро бо Афғонистон дастгирӣ менамояд. Хонум Флор инчунин бо кумитаҳои маҳалла ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот намуда, масоили ривоҷ ва вазъи занон дар мамлакатро баррасӣ намуд.



“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста