Бегоҳии рӯзи 15-уми август президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати воломақоми ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки аз вазирони молия, фавоиди омма, раиси идораи роҳи оҳан ва дигар шахсони расмӣ иборат аст, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба роҳҳои татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Афғонистон барои рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, ҳамлу нақлӣ ва ғайра баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба омода кардан ва ба имзо пешниҳод намудани созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитии Тоҷикистону Афғонистону Покистон, татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ миёни ду кишвари ҳамсоя зоҳир гардид.
Зимни суҳбати созанда доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла интихоби масири роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, омодасозии кадрҳои роҳи оҳан барои ин кишвари ҳамсоя дар ҷумҳурии мо, афзоиши интиқоли нерӯи барқ ба он сӯйи рӯди Панҷ ва ғайра тавофуқоти муҳим ҳосил шуд.




“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста