Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба муносибати фаро расидани иди миллӣ – 94 –умин солгарди истирдоди истиқлолияти давлатии кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки муносибатҳои мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Афғонистон бар асари саъйю талошҳои муштарак арсаҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи мавриди таваҷҷӯҳи якдигарро фаро гирифта, имрӯз дар марҳилаи рушди устувори худ қарор доранд.
«Бо истифода аз фурсати муносиб ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушду тавсеаи бештари муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои мухталифро таъкид намуда, омодагии хешро барои идомаи мунтазами муколамаи созандаи байни ду давлати дӯсту бародар дар сатҳҳои гуногун иброз менамоям», - омадааст дар барқия.
Гуфта мешавад, таҳкиму густариши бемайлони ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Афғонистонро, ки ба арзишҳои волои ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвари ҳамсоя такя мекунанд, ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб ҷавобгӯ аст.




“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста