Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Қирғизистон Жанторо Сатибалдиевро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон Қирғизистонро “шарики табиии минтақавии Тоҷикистон” номида, ба сатҳи муносиботи ду кишвари ҳамсоя баҳои баланд дод. Аз яксонӣ ва ё наздикии мавқеъҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир ба идора ва истифодаи босамари захираҳои обии минтақа ва ҳифзи муҳити зист изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи қарорҳои нахустин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ, ки моҳи майи соли равон дар Бишкек баргузор шуда буд, зоҳир гардид. Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки ҳоло заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни ду кишварро 87 санад ташкил дода, 5 санади дигар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки танҳо тайи 5 моҳи соли равон ҳаҷми мубодилаи мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 4 баробар афзоиш ёфтааст. Таъкид гардид, ки ин тамоюл бояд идома ёбад. Барои ин, густариши бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла тавассути додугирифти нерӯи барқ, додани мақоми байналмилалӣ ба гузаргоҳи сарҳадии Қарамиқ ва дигар тадбирҳо зарур шумурда шуд.
Андешидани чораҳои муштарак доир ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон, Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, хатти барқии CASA-1000 аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон ва дигар тарҳҳои минтақавӣ матлуб дониста шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкории судбахш миёни ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар ва омодагӣ ба ташрифи ҷавобии Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон ва баргузории ҷаласаи дуюми Шӯрои байнидавлатӣ зоҳир гардид.




“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста