Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия баррасӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, бо супориши ҳукуматҳои кишварҳо ба ин созишнома рӯзи 8-уми феврали соли равон роҳбарони хадамотҳои муҳоҷирати давлатҳо имзо гузоштанд.

«Дар асоси ин созишнома, аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Русия қарор доранд, дар муддати 15 рӯз аз уҳдадории ба қайд гузоштан дар мақомоти салоҳиятдори кишвари будубош озод мешаванд. Айни замон муҳлати ба қайд гузоштан дар сохторҳои дахлдори Русия 7 рӯзро ташкил медиҳад», - гуфт Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи қарори Шӯрои МНМО ҶТ, ин созишнома нахуст дар кумитаву комиссияҳои дахлдори палатаи поёнии парлумон мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифта, шояд моҳи октябр тасдиқ карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки зимни сафари моҳи августи соли ҷорӣ ба Русия президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки Созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон моҳи октябри ҳамин сол аз ҷониби парлумон ба тасвиб мерасад.

Ба тасдиқи ин созишнома Тоҷикистон шитоб надошт, зеро таваҷҷуҳи Маскавро ба амалисозии ҳарчи зудтари созишномаҳо дар бораи муҳоҷират, таҳвили маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ ва кӯмак ба таҷдиди артиши Тоҷикистон ҷалб карданӣ буд.

«Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро ҳамчунин масоили ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба навъҳои гуногуни фаъолият», «Дар бораи молияи давлатии ҶТ» ва «Дар бораи монополияҳои табиӣ» низ баррасӣ шуданд», - афзуд сарчашмаи хабар.