Аз 10 то 15-уми январи соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 38,35 км сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд.
“Ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, идома медиҳанд”, - хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Зимнан зикр мегардад, ки аз натиҷаи вохӯрии ҷонибҳо Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Ёдрас мекунем, ки қаблан дар бораи вохӯрии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, раисони КДАМ-и ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар Ботканд рӯзи 12 январ хабар дода будем.
Тавре ки АКИpress бо истинод ба гуфтаҳои Ятимов хабар дода буд, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар самтҳои Қулунду, Мақсат ва Арка ба тавофуқи усулӣ даст ёфтаанд.
“Пиромуни ин масъалаҳо мо ба тавофуқи усулӣ ноил шудем. Мо лоиҳаи протоколро тайёр кардем. Ҳамаи ҷонибҳо пурра розианд. Мо як қадами хеле бузург ба сӯи пеш мегузорем. Мо бо боварӣ супоришҳои роҳбарони ду кишварро иҷро мекунем”, - гуфт Ятимов.
Қамчибек Тошиев низ аз расидан ба тавофуқи усулӣ дар бархе қитъаҳои марз суҳбат кард.
Вай аз ҷумла гуфт, дар масъалаи деҳаи Мақсат, ки қариб 15 километр тӯли марз аст, ба тавофуқи усулӣ ноил шудаанд ва гуруҳҳои корӣ бояд акнун ин қитъаҳоро аломатгузорӣ кунанд.
Пештар аз ин вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳакан Фидан пас аз вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10-уми январи соли 2024 изҳор намуд, ки имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март таъйид шудааст.
Президенти Қирғизистон Садир Жапаров низ дар ин робита аввали моҳи декабр зикр карда буд, ки анҷоми ҳамаи корҳои оид ба таъйин ва аломатгузории марзи давлатии кишварҳо баҳори соли 2024 дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир беш аз се ду ҳиссаи хатти марзӣ мушаххас ва эътирофи мутақобила шуда, қитъаҳои боқимонда баҳсбарангез дониста мешаванд.
Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.
Вакилон дар охирин иҷлосияи даъвати шашуми парлумон созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро ба тасвиб расониданд
Қосим Бекмуҳаммад: "Душанбеву Бишкек ҳалли мушкили марзиро бидуни дахолати ҷониби сеюм афзал донистанд ва ба муваффақият ноил шуданд"
Исроил бомбборони Ғаззаро аз сар гирифт. Расонаҳо аз куштори садҳо нафар хабар медиҳанд
Сарбозони тоҷик дар гузашти низомии 80-солагии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Роҳандозии реҷаи онлайни табодули маълумот дар бораи ҷинояткорон байни Русия ва Тоҷикистон
“Танҳо як рӯз”. Дар ҷашни Наврӯз сокинон бо барқ таъмин хоҳанд буд?
Баҳодур Усмонови тоҷик мағлубнашуда боқӣ мемонад: ин дафъа муштзани ӯзбекро шикаст дод
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз натиҷаҳои музокирот бо Русия қаноатмандем”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 марти соли 2025
Душанбе ба пешвози Наврӯз чӣ гуна омода мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста