Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 май вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсевро, ки бо сафари корӣ ба ҷумҳурӣ омад, ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат вазъ ва дурнамои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Русия ва дигар мавзӯъҳои муҳими дуҷониба баррасӣ шуданд.

“Ба ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ ва амният таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, сарвари давлат аҳамияти таҳкими минбаъдаи робитаҳои вазоратҳои корҳои дохилӣ, инчунин натиҷаҳои пурсамари кори муштараки сохторҳои дахлдори ҳарду давлатро дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид намуд.

“Бо қаноатмандӣ ба кӯшиши ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи амалии тавофуқоте, ки чанде қабл дар сатҳи олӣ оид ба ҳалли мушкилоти соҳаи муҳоҷират ҳосил шуда буданд, ишора гардид.

Пешвои миллат бахусус аҳамияти қабули тамоми чораҳои заруриро баҳри таҳкими ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, таъкид намуданд”, - зикр мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки вазири корҳои дохилии Русия ҳамроҳ бо ҳайати калони ҳукуматӣ барои баргузории даври навбатии музокирот оид ба маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи муҳоҷират ба Душанбе ташриф овардааст.

Ба иттилои ВКД Тоҷикистон, дар ҷараёни сафари мазкур вохӯрии дуҷонибаи вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия, иштирок дар маросими ифтитоҳи Намояндагии хадамоти шиносномавӣ-раводидии ВКД Русия дар Тоҷикистон ва даври дуюми музокироти Тоҷикистону Русия оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои муҳоҷират дар назар дошта шудааст.

Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, имрӯз, 28 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 28-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори ИДМ доир мегардад.

Дар ҳошияи баргузории ҷаласа мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарияти мақомоти марбутаи муҳоҷирати  Тоҷикистон бо  Федератсияи Русия пешбинӣ шудааст.

Дар кори Шӯро вазъи муҳоҷират, тағйирот дар қонунгузории миллӣ дар соҳаи муҳоҷират ва амалияи ҳуқуқии мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокчии ИДМ ва ҷараёни омодасозии санадҳои намунавии қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва дигар масъалаҳо муҳокима мегарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.