Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба фарқ аз солҳои пеш имсол ба муносибати Соли нави 2025 ба мардуми кишвар паёми солинавӣ надод. Паёми табрикотии ӯ ҳамасола шоми 31-уми декабр дар сомонаи расмии президент нашр ва навори он тавассути ҳамаи телевизионҳои давлатӣ чанд маротиба пахш мешуд. Матни онро расонаҳои ҳукуматӣ ҳам нашр мекарданд.
Вале то ҳол на дар сомонаи президенти Тоҷикистон ва на дар сомонаҳои расонаҳои ҳукуматӣ ва телевизионҳои давлатӣ паёми соли навии Эмомалӣ Раҳмон дида намешавад.
Сабаби чунин тасмим маълум нест. “Азия-Плюс” ба Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон барои шарҳи ин масъала муроҷиат кард, вале то ҳол шарҳе дастрас накард.
Дар ҳамин ҳол, чанд манбаъ аз расонаҳои давлатӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки фармон шудааст, ки табрикоти президентро ба муносибати соли нави 2025 нашр накунанд. Тасдиқи дурустии ин иддао аз манобеъи дигар ғайриимкон аст.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон дар поёни ироаи паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар рӯзи 28-уми декабр мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии соли нави 2025 табрик карда буд.
Ӯ гуфт, “бо истифода аз фурсат, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзиамон ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати Соли нави мелодии 2025-ум, ки ҳоло мо дар остонаи он қарор дорем, самимона табрик мегӯям".
Президент ба ҳар як хонадони мардуми тоҷик хушбахтӣ, хонаободӣ ва иқболи нек орзу кард.
Як мушоҳидаи мо маълум кард, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солҳои гузашта (аз соли 2015 то соли 2023) танҳо соли 2016 дар поёни суханрониаш мардуми Тоҷикистонро бо соли нави мелодии 2017 табрик кардаасту халос. Солҳои дигар, ки паём дар нимаи дуввуми моҳи декабр ироа мешуд, президент соли навро табрик накардааст. Ё ҳаддиақал дар матни паём ҳарфе аз соли нав нест.
Дар ҳаддиақал 20 соли охир ин бори аввал аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати соли нав паёми табрикӣ намедиҳад. Қаблан, ҳамасола навори табрикот ва матни он шоми 31-уми декабр пахш мешуд.
Аз ҷумла, раисҷумҳур дар паёми солинавии 2024, ки то ҳол дар сомонаи расмиаш дастрас аст, ба мардуми Тоҷикисон “саломатӣ ва бахту саодат орзу” карда, гуфта буд, ким “соли 2023, бо вуҷуди вазъи бисёр печидаву ноороми ҷаҳони муосир, барои кишвари мо боз як соли бобарору хотирмон гардид”.
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста