Дирӯз, 5-уми сентябр Исматулло Насредин, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Радослав Дарскиро қабул намуд.

“Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар бобати масоили мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намуданд”, - зикр мегардад дар хабари ВКХ Тоҷикистон.

Дар ин вазифа, Радослав Дарски, Раймундас Кароблисро иваз намуд, ки тайи се соли ахир дар ин мансаб кор мекард.

Тавре ки дар сомонаи расмии ИА хабар дода мешавад, Дарски таҷрибаи бой ва тӯлониии дипломатӣ дорад ва аз соҳаи сиёсати аврупоӣ, ҳамкории минтақавӣ ва муносибатҳои байнулмилалӣ бештар огоҳ аст.

Ӯ таҷрибаи 20 солаи корӣ дорад ва дар мансабҳои калидии Хадамоти робитаҳои хориҷии Аврупо, намояндагиҳои ИА дар минтақаҳои алоҳида фаъолият дошт.

Радослав Дарски ва Исматулло Насредин
Акс аз ВКХ Тоҷикистон

Ахиран, дипломат ба ҳайси муовини директори Департаменти сиёсати аврупоиио ВКХ Лаҳистон (Полша) дар самти сиёсат оид ба Балкани Ғарбӣ, Туркия, Қафқози Ҷанубӣ ва шарикии Шарқ ифои вазифа мекард. То ин дам ӯ дар мансаби муовини директори Департаменти Шарқи ВКХ дар Варшава кор карда, дар самти сиёсат оид ба Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва ташаббуси шарикии Шарқ масъул буд.

“Таҷрибаи густардаи минтақавии ӯ ҳамчунин мансабҳои роҳбариро дар намояндагии ИА дар Ӯзбекистону Гурҷистон дар бар мегирад, ки дар ин ҷойҳо ӯ роҳбарӣ ба шуъбаҳои сиёсӣ ва иттилоотиро бар дӯш дошт ва ба рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои узви ИА ва шарикони байнулмилалӣ саҳм мегузошт”, - таъкид мешавад дар хабар.

Сафир бо ихтисоси муносибатҳои байнулмилалии Донишгоҳи Вротслав (Лаҳистон) дорои унвони магистр дар соҳаи сиёсатшиносӣ буда, озодона бо забонҳои лаҳистонӣ, англисӣ ва русӣ ҳарф мезанад.

Радослав Дарски, дар шарҳи таъиноти худ дар мавриди таҳкими муносибатҳо байни ИА ва Тоҷикистон, дастгирии ташаббусҳои кишвар оид ба рушд дар масоили  густардаи минтақавӣ изҳори рӯҳбаландӣ кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.