Рӯзи 15-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар шаҳри Давҳа бо Масъуди Пизишкиён, президенти Эрон ва Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар дидору гуфтушӯнид кард.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ бо Масъуди Пизишкиён масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон ва мавзуъҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз тамоюли таҳаввулоти мусбати солҳои охир дар ҳамкории ду кишвар изҳори қаноат намуда, тамосу мулоқоти пайвастаро омили муҳими таконбахши рушди равобит номидааст.

"Ҷонибҳо вазъи кунунии мураккаб ва ноустувори минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони исломро муҳокима намуда, андешидани тадбирҳои муассири якҷояро барои нигаҳдории эътидол ва осоиши саросарӣ зарур шумурданд. Аз қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки ҳаллу фасли низои Фаластину Исроилро дар асоси усули “ду давлат барои ду мардум” дар назар дорад, истиқбол карда шуд", - менависад манбаъ.
Акс аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, сарони кишварҳо рушди муваффақонаи муносибатҳо байни Тоҷикистону Қатарро зикр карда, натиҷаҳои бобарори сафарҳои расмӣ ва кории сатҳи олии дуҷониба дар соли гузашта ва мулоқоту тавофуқоти ҳосилшударо таъкид карданд.

Густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, рушди бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, истихроҷу коркарди маъданҳо, кишоварзӣ барои ҳарду ҷониб судовар номида шуда, ба рушди пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои фарҳанг, илму маориф ва сайёҳӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Атрофи равобити дуҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲИ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба, инчунин доир ба рушди авзои минтақа дар пасманзари зарбаҳои ҳарбӣ ба Қатари дӯст табодули афкор сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, бо як боздиди расмӣ ба Қатар рафт ва дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои СҲИ ширкату суханронӣ кард. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.