Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Нимаи дуввуми имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи
X
-уми сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ОЭС) озими шаҳри Теҳрон мешавад.
Тавре аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ба ҷуз ширкат дар кори ҷаласаи созмон, президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз як қатор музофотҳои Эрон низ боздид намуда, баҳри густариши ҳамкориҳои минтақавӣ замина хоҳад гузошт. «Масъалаи рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шароити бӯҳрони молӣ дар меҳвари баррасии ҷаласа қарор хоҳад гирифт», - гуфт манбаъ.
Тибқи маълумоти сафорати Эрон дар Тоҷикистон, дар чаҳорчӯбаи сафари сарвари давлати Тоҷикистон дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод низ дар назар аст.
Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дастгоҳи сарвари давлат, пас аз сафари Эрон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми март ба Туркия хоҳад рафт. Дар шаҳри Анқара Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Туркия иштирок мекунад. Худи ҳамин рӯз прзиденти Тоҷикистон озими шаҳри Истанбул гардида, дар Ҳамоиши
V
-уми умумиҷаҳонӣ оид ба об суханронӣ хоҳад намуд.



“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста