Душанбе. 26-уми июл. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ба истифода додани чанд иншооти нави иҷтимоӣ ва мулоқот бо мардум ба ноҳияҳои Хуросон ва Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон рафт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз деҳаи навбунёди Чорбоғи ноҳияи Хуросон, ки баъди обхезии моҳи апрели соли 2009 барои осебдидагони ин офат бунёд гардида буд, оғоз ёфт. Дар ин ҷо бинои як мактаби нави таҳсилоти ҳамагонӣ барои 900 нафар дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ карор гирифт.
Ин мактаби дуошёна, ки бо харҷи 7 миллион сомонӣ аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст, аз 18 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфҳои муҷаҳҳази фаннӣ аз фанҳои биология, кимиё, физика, синфҳои компютерӣ, синфҳои омўзиши ҳунарҳои дўзандагию таомпазӣ ва ғайра иборат мебошад. Синфҳои компютерию лингофонӣ бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст буда, имкон медиҳанд, ки дар робита бо мактабҳои дигари дохил ва хориҷи кишвар таҳсили фосилавӣ ба роҳ шавад.
Толори васеи маҷлисӣ, ошхонаи мактабӣ ва толори варзишӣ низ бо шароити хуби муосир муҷаҳҳаз гаштаанд.
Аз ноҳияи Хуросон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ ташриф оварда, нахуст бо кори кишоварзони хоҷагии деҳқонии Шафқати ҷамоати деҳоти Яккатут аз наздик шинос шуд.
Тавре зикр гардид, хоҷагӣ дорои 11 га замин буда, дар 9 га пахта кишт намудааст. Зимни сўҳбат бо аъзои хоҷагӣ маълум шуд, ки ҳар яки онҳо ғайр аз маош 12 садяк замини ин хоҷагиро барои эҳтиёҷоти оилавии худ истифода бурда, рўзгорашонро таъмин менамоянд.
Дар деҳаи Чкалови ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мактаби боҳашамати сеошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ин мактаб, ки бо харҷи 11 миллиону 221 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ва қарзи имтиёзии Бонки исломии рушд бунёд ёфтааст, дорои 36 синфхона, аз ҷумла 11 синфхонаи фаннӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, 2 синфхонаи лингафонӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ, 1-тогӣ озмоишгоҳҳои кимиё, биология ва физика, 2 синфхонаҳои махсуси технологияи ҳунаромўзӣ барои духтарону писарон ва китобхонаи калон мебошад.
Ин мактаби муосир, ҳамчунин дорои шифохонахона, ошхона, толори маҷлисӣ бо 252 курсӣ ва толори варзишӣ бо 120 ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад.
Дар ҳудуди мактаб, ки масоҳати он 3 гектарро ташкил мекунад, иморатҳои ёрирасон, аз қабили буғхона бо истифодаи ангиштсангу ҳезум, анбори хоҷагидорӣ, зеристгоҳи трансформаторӣ, обкаши барқӣ ва манораи захирасозии оби нўшокӣ ва ҳамчунин варзишгоҳ сохта шудааст.
Дар боғи марказии фарҳангиву фароғатии ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Абдурраҳмони ҷомӣ мулоқот намуда, ба суолу дархостҳои онҳо посух дод.



“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2025
Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста