Парлумони Тоҷикистон вакилони маҷлисҳои вилоят ва шаҳру навоҳиро аз ҳуқуқи дахолатнопазирӣ маҳрум кард.

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилон бидуни баррасӣ якдилона аз пешниҳодҳои ҳукумат ҷиҳати тағйирот дар қонунгузорӣ оид ба ин масъала ҷонибдорӣ намуданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода дар ин робита изҳор намуд, ки тағйироти мазкур ба коҳиши сатҳи коррупсия дар ҷомеа равона гардида, далелҳои ҷудогонае ҷой доранд, ки вакилони маҳаллиро барои ҷинояти содиршуда ба ҷавобгарӣ кашидан ғайриимкон аст.

«Аз ин рӯ, ворид намудани тағйирот ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ» ва «Дар бораи мақоми ҳуқуқии вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо» пешниҳод шуданд», - иброз дошт ӯ.

Прокурори генералӣ ҳамчунин гуфт, аз ин ба баъд ҳангоми зарурат аз ҷониби мақомоти дахлдори судӣ ва прокуратура нисбати вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда метавонанд.