Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба омӯзиши масъалаи таъсиси шӯрои машвпрарии коршиносон дар назди палатаи болоии парлумон дастур дод.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси миллӣ дар ин робита хабар дод, Рустами Эмомалӣ ба кумита ва комиссияҳои палата супориш додааст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат хулосаҳои худро оид ба ин масъала пешниҳод кунанд.
Тавре манбаъ қайд кард, ба ақидаи ӯ, шӯрои машваратии коршиносон дар самаранокии қабули қонунҳо ва беҳбуди сифати онҳо нақши мусбат бозида метавонад.
Ба дастгоҳи Маҷлиси миллӣ супориш дода шудааст, ки минбаъд зимни қабули кадрҳои нав ба кор ҳатман озмун гузаронида шуда, пеш аз ҳама, ба ҷавонӣ ва сатҳи саводнокиву забондонии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.
Роҳбари дастгоҳи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ уҳдадор шудааст, ки дар муддати як моҳ байни кормандон барои муайян кардани қобилияти касбии онҳо санҷиш (аттестатсия) гузаронад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста