Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 май бо аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷаласаи корӣ доир намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мудофиаи кишвар вобаста ба авзои кунунии сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон андешидани тадбирҳои амниятӣ ва тақвияти ҳифзи марзҳои кишвар, мубориза бо ҷинояткорӣ бахусус, ҷиноятҳои алоқаманд бо экстремизму терроризм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир супоришҳои қатъӣ дод.
Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Дар барқия зикр шуд, ки “хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта бо шумули духтарони наврас дар натиҷаи ҳамлаи мудҳиш ва разилонаи террористон дар қисми ғарбии Кобул боиси андӯҳи амиқ ва нафрати беандозаи мо гардид”.
“Чунин амали хушунатомези золимона ва маргбор, ки нерӯҳои аҳриман дар рӯзҳои охири моҳи шарифи Рамазон ба он даст задаанд, нобахшиданист. Мо ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифротгароиро қатъиян маҳкум намуда, боз ҳам зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи беамонро бо ин хатарҳои глобалии даврони муосир таъкид менамоем”, - омадааст дар барқия.
Дар барқия ба наздикону пайвандони қурбоншудагон, ҳамчунин ба тамоми мардуми бародари Афғонистон тасаллиёт ва ҳамдардии самимӣ изҳор шуда, ба ҳамаи осебдидагон ҳифои ҳарчи зудтар орзу шудааст.
Тибқи маълумоти ВКД Афғонистон, бар асари як силсила таркишҳо назди мактаби давлатӣ дар ғарби шаҳри Кобул шоми рӯзи 8 май 63 духтари муҳассили мактаб кушта ва 150 нафари дигар захм бардоштанд.
Ашрафғанӣ дар як паёми видеоӣ ин ҳамларо кори дасти гуруҳи террористии "Толибон" хонда, гуфтааст, ки гуруҳҳои ҳаросафган бо тағйири ном мехоҳанд ҷавонони моро аз таҳсил ва донишомӯзӣ дур кунанд.
Ҳаракати тундгарои исломии “Толибон” даст доштанашро дар ин амали террористӣ радд намуда, дар ин кор гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”-ро гунаҳкор хондааст. Таркишҳо каме пештар аз ифтор садо доданд.
Дар ҷаласаи рӯзи 10 май Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои дахлдор доир ба ҷараёни тадбирҳои омодагӣ ба 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сари вақт мавриди истифода қарор додани иншооти хурду бузурги ҷашнӣ, татбиқи амалии барномаҳои давлатии рушди соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат, суръатбахшии ҷамъоварии ҳосили саҳро, харидорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъбасти муваффақонаи фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ дар чор моҳи соли 2021 дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ғайр аз ин, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор муваззаф гардиданд, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид маъракаи кишту кори баҳориро ҳарчи зудтар ба анҷом расонида, ҷиҳати сари вақт дастрас намудани нуриҳои минералӣ, техника ва мошинолоти кишоварзӣ, ба кор даровардани заминҳои бекорхобида, бо омодагии комил ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода аз ҳама имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста