Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар ин ҷо ӯ дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун иштирок карда, бо сокинону фаъолон суҳбату мулоқоти самимӣ доир мекунад.


Сафари кории Президенти мамлакат аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардида, дар ин ҷо ӯ нахуст аз Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуд.

Намоишгоҳ аз 2 қисми асосӣ - намоишгоҳи асал ва дигар маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ иборат буд. Дар ин майдони фарох дар масоҳати 50 садяк замин кишоварзони зарофар аз 9 шаҳру ноҳияи мамлакат, аз ҷумла вилоятҳои Бадахшон, Хатлон ва Суғд ширкат варзида, анвои гуногуни маҳсулоти занбӯри асал ва меваю сабзавоти шаҳдбори худро ба маъраз гузоштанд.

Ба фестивал 40 тонна маҳсулоти соҳа, аз ҷумла 15 тонна навъҳои гуногуни асал, мум, гарди гул, шири занбӯр ва ғайра бо банду баст тибқи талаботи меъёрҳои тасдиқгардида пешниҳод шуд. Дар ҷойи баргузории намоиши асал хаймаҳо, нуқтаҳои гирифтани асал, ташкили корҳои мубориза бар зидди касалиҳои занбӯри асал ба назар мерасид.

1/22

Дар ҳамин ҷо сарвари давлат бо бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ мулоқоти самимӣ доир кард.

Президент изҳор дошт, ки тайи замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Дарвоз зиёда аз 1,2 млрд сомонӣ ва ноҳияи Ванҷ - 580 млн сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Зикр шуд, ки дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳо барои ноҳияи Дарвоз дар солҳои 2021-2025-ум 106 лоиҳа ба маблағи 405 млн сомонӣ ва барои ноҳияи Ванҷ - амалисозии 112 лоиҳа ба маблағи умумии 160 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар деҳоти Анҷираки Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо ҳузури сарвари давлат бинои наву замонавии Маркази адлия, майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт.

Дар тарабхонаи “Ориёно”-и ноҳияи Дарвоз президенти мамлакат бо як гурӯҳ ятимони кулл аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ мулоқоти самимӣ доир карда, ба 100 нафар кӯдаки ятим ва маъюб бевосита аз дасти Пешвои миллат тӯҳфаҳо иборат аз сару либос, шириниҳо, ашёи хониш ва кӯмаки молиявӣ тақдим шуд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон қисмати шоҳроҳи Кӯлоб - Хоруғ - Қулма - Чин аз деҳаи Ёгед то маркази ноҳияи Дарвозро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Масофаи роҳи мошингарди қисмати шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин 26 километр буда, бо маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон, Бонки исломии рушд, Хазинаи саудии рушд,  Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб ва Хазинаи ОПЕК бо харҷи қариб 32 млн доллар куллан навсозӣ шуд.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.