Рӯзи 16 ноябр бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб” дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи “30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Боғи фарҳангию фароғатии тозабунёд якҷоя бо Қасри таърихӣ, чойхонаи миллӣ, амфитеатр ва ҳудуди ободу мавзеи назаррабо маҷмааи таърихию муосир, макони тамошо, сайру саёҳати сокинону меҳмонони дохилию хориҷӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, дарахтони сояафкану ороишӣ асоси хуррамию зебоии боғ буда, беш аз 1000 бех анвои гуногуни дарахтони сӯзанбаргу паҳнбарги сояафкану ороишӣ аз хориҷи кишвар ба обу ҳавои минтақа мутобиқ ворид ва шинонида шудаанд. Ҳамаи майдону роҳравҳои боғ бо истифодаи санги хорои Хуҷанд сохтаю оро дода шудааст. 

1/10

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.