Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои мусаллаҳ як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дод. Аз ҷумла, чор муовини вазири мудофиа, фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои мусаллаҳ ва муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии КДАМ иваз шуданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Сафарзода - муовини вазири мудофиа оид ба тайёрии ҷангӣ, Одил Носирзода - муовини вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, Музаффар Раҳимзода - муовини вазири мудофиа оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявӣ ва Бобоҷон Саидзода - муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ таъйин гардиданд.
Инчунин, Абдусаттор Шоҳиён сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таъйин шуд.
Бо фармони Президенти Тоҷикистон, Хусрав Бобозода аз вазифаи фармондеҳи Қушунҳои хушкигарди Тоҷикистон озод шуда, ба ин вазифа Сафарализода Раҳмоналӣ таъйин гардид.
Ҳамин тавр, Шамсиддин Собирзода - фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои мусаллаҳ ва Дилшод Тоирзода - муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъйин карда шудаанд.

Ҳамчунин, ба вазифаҳои муовини аввал ва муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ, сардорони як қатор раёсату хадамоти Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ, командирони баъзе қисмҳои ҳарбӣ, комиссарони ҳарбии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва намояндагони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ ва дар назди сафоратҳои Тоҷикистон дар якчанд кишвари хориҷӣ кадрҳои нав таъйин гардиданд.
Имрӯз кадрҳои навтаъйинро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт ва онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми шарифи Тоҷикистон даъват кард.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки хидматчиёни ҳарбӣ ва ба хусус ҳайатҳои роҳбарию фармондеҳии Қувваҳои мусаллаҳ низ бояд ба омӯзиши амиқи ду забони хориҷӣ баробари забони модарӣ ва аз худ кардани техникаю таҷҳизот ва технологияи муосири ҳарбию иттилоотӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Вакилон дар охирин иҷлосияи даъвати шашуми парлумон созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро ба тасвиб расониданд
Қосим Бекмуҳаммад: "Душанбеву Бишкек ҳалли мушкили марзиро бидуни дахолати ҷониби сеюм афзал донистанд ва ба муваффақият ноил шуданд"
Исроил бомбборони Ғаззаро аз сар гирифт. Расонаҳо аз куштори садҳо нафар хабар медиҳанд
Сарбозони тоҷик дар гузашти низомии 80-солагии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Роҳандозии реҷаи онлайни табодули маълумот дар бораи ҷинояткорон байни Русия ва Тоҷикистон
“Танҳо як рӯз”. Дар ҷашни Наврӯз сокинон бо барқ таъмин хоҳанд буд?
Баҳодур Усмонови тоҷик мағлубнашуда боқӣ мемонад: ин дафъа муштзани ӯзбекро шикаст дод
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз натиҷаҳои музокирот бо Русия қаноатмандем”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 марти соли 2025
Душанбе ба пешвози Наврӯз чӣ гуна омода мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста