Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон занони ҷумҳуриро бо ҷашни Рӯзи модар - 8 март табрику таҳният гуфт.
“Басо рамзист, ки ин рӯзи муборак ҳар сол дар рӯзҳои нахустини бедоршавии табиат, бо накҳату нафосати баҳорӣ ва дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад. Зеро Зан – Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад”, - зикр мешавад дар Паёми шодбошии сарвари давлат ба ин муносибат.
“Мо – фарзандон бояд кӯшиш кунем, ки ба қадри модари мушфиқ, ранҷу машаққат ва ғамхориҳои ӯ расем, то метавонем хизматашро ба ҷо оварем ва дуои некашро гирем. Зеро модар мавҷуди муқаддастарин ва азизатарину бебаҳотарин барои инсон ва сазовору арзандаи ҳама гуна парастиш, дӯстдорӣ ва ғамхорӣ мебошад...
... Бо дарназардошти он, ки занону бонувон ва духтарони мо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар нақши бисёр арзишманду муассир доранд, давлат ва Ҳукумати мамлакат масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар маркази сиёсати худ қарор додааст...

... Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба ҳамаи модарони муҳтарам ва бонувону духтарони азизи кишвар миннатдории самимӣ баён намоям... Мо худ шоҳиди зиндаи хизматҳои шоёни модарону бонувон дар мушкилтарину сангинтарин рӯзҳои таърихи давлату миллати тоҷик, яъне замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ҳастем.
Онҳо сиёсати пешгирифтаи моро бо сабру таҳаммул ва самимияту садоқат дастгирӣ карданд, ки ҳаргиз фаромӯш намегардад...
... фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҳарчи бештар инкишоф додани қобилияти занону бонувон ва духтарон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди устувори ҷомеа ҳадафи асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад...
... Ман ба мардони муҳтарам муроҷиат карда, як масъалаи муҳимро таъкид менамоям, ки мо бояд, сарфи назар аз пастиву баландиҳои зиндагӣ босабру таҳаммул бошем, ба хушунату зӯроварӣ дар оила роҳ надиҳем, барои фарзандони худ ва махсусан духтарон шароити илму донишомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунарро муҳайё созем, то онҳо дар зиндагии ояндаи хеш азоб накашанд...
... Мо – мардон, ки зодаву парваридаи модар ҳастем, вазифадорем, ки эҳтироми Зан – Модарро нафақат дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳар лаҳзаву ҳар соат, ҳамеша ва тамоми умр ба ҷо оварем, ба онҳо ғамхориву меҳрубонӣ ва хизмат кунем ва кӯшиш намоем, ки ба ризоият ва дуои неки онҳо сазовор шавем...
...Бо эҳтиром ба шахсияти муқаддаси Зан – Модар бори дигар тамоми модарони арҷманд ва бонувону духтарони азизи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи модар – ҷашни фархундаи баҳору зебоӣ ва садоқату муҳаббат самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми онҳо саломатӣ, иқболи нек ва зиндагии босаодати оилавӣ орзу менамоям...”.




“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста