Дар шаҳри Душанбе рӯзи 12 март ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, мулоқоти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шакли маҳдуд оғоз гардида, дар ҳайати васеъ идома ёфт.
Сарвазири Тоҷикистон дар доираи сиёсати созандаву дӯстонаи роҳбарони давлатҳо таҳкими робитаҳоро дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба манфиати ҳарду ҷониб арзёбӣ намуд.
Зикр шуд, ки соли 2023 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиёда аз 500 млн доллари амрикоиро ташкил дод. Дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон Ӯзбекистон зинаи 5-умро ишғол мекунад.
Ҷониби Тоҷикистон изҳор дошт, ки омода аст бо корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон дар тарҳрезӣ ва бунёди паркҳои бузурги саноатӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.
Таъкид шуд, ки бахшҳои марбута бояд роҳҳои рушди ҳамкориҳоро таҳия кунанд.
Аз ҷумла, дар саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, истеҳсоли муштараки мошину таҷҳизоти кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ, саноати истихроҷи маъдан ва металлургия, истеҳсоли таҷҳизоти энергияи барқароршаванда, дорусозӣ, масолеҳи сохтмонӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва электроника имконияти бузурги истифоданашуда вуҷуд доранд.
Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки барои ба даст овардани тавофуқҳои мушаххас барои амалӣ сохтани ин имконот бояд талошҳои муштарак ба харҷ дода шавад.
Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов зикр кард, ки Тоҷикистон ҳамсояи наздик, дӯсти содиқ, шарики боэътимоди стратегӣ ва иттифоқчии Ӯзбекистон мебошад.
«Боиси хушнудист, ки дар солҳои охир ҳаҷми муомилоти моли мутақобила афзуд. Мебояд ба фаъолияти Фонди сармоягузории Ӯзбекистону Тоҷикистон тақвият бахшид. Барои ин мо пешниҳод менамоем, ки барои ҳамоҳангсозии корҳо дар ин самт миёни вазоратхонаҳоямон муколамаи мунтазам ташкил карда шавад”, - илова намуд Орипов.
Дар фарҷоми ҷаласа протоколи дахлдори комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расонида шуд.