Имрӯз дар вохӯрии 35 нафар аъзоёни гурӯҳи корӣ, ки намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти қудратии ду тарафи сарҳади Тоҷикистон – Қирғизистон мебошанд, масоили такмил додани ҳамкориҳои фаромарзӣ байни деҳоти тарафайн баррасӣ шуд.
Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе хабар доданд, дар ҷараёни ҷаласаи мазкур мақомоти маҳалии вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Баткени Қирғизистон натиҷаи татбиқшавии нақшаи ҳамкорӣ дар соли 2012-ро муҳокима намуданд ва нақшаи амалиёт дар самти пурзӯр намудани ҳамкориҳои фаромарзироо барои панҷ соли оянда тасдиқ намуданд. Ҳамчунин амалишавии бомуваффақияти нақшаро барои соли ҷорӣ қайд намуданд.
Вохӯрии мазкур ба ширкаткунандагон имкон фароҳам овард, ки масоили мушаххаси рӯзмарраи ҳамкориҳои фаромарзиро муҳокима намоянд.
Санаи 11 декабр, мақомоти маҳалӣ ва мақомоти қудратии вилояти Суғд ва вилояти Баткен дар шаҳри Исфара дар мавзӯи такмил додани ҳамкориҳои фаромарзии байни деҳоти ду кишвари ҳамсоя семинари якрӯза гузарониданд.
Интизорӣ меравад, ки ин ду чорабинии мазкур, ки аз ҷониби барномаи Иттиҳодияи Аврупо ва БРСММ оид ба мусоидат намудан дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКA) дар якҷоягӣ бо барномаи БРСММ “ Рушди комплексии қаламрави вилояти Баткен” баргузор гардидаанд, дар беҳтар намудани ҳамкориҳои фаромарзӣ ва ҳамдигарфаҳмии аҳолии деҳоти маҳалии ҳарду кишвар саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Ҳадафи барномаи БОМКА ин кӯмак намудан дар такмили бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ, мусоидат намудан дар қонунӣ гардонидани тиҷорат ва транзит ва ҳамчунин пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии одамон тавассути сарҳадоти Осиёи Марказӣ мебошад.
Барномаи БОМКA аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ гардида ва фаъолиятҳои он тавассути БРСММ амалӣ мешаванд.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста