Дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ мизони ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд 21,8% боло рафт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати Агентиии омори назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар ин давра дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳудуди 2 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 357 ҳолат ё худ 21,8% бештар аст.
Ба иттилои манбаъ, дар муқоиса бо соли гузашта давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ шумори ҷиноятҳои вазнин дар вилоят 34 ҳолат ё худ 9,5% афзудааст, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ғончиву Шаҳристон – 5,2 баробар, Ашт – 2,7 баробар ва шаҳри Истаравшан – 2,6 баробар.
Қобили зикр аст, ки шаби 2-юми июн дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров як ҷинояти ниҳоят вазнину мудҳиш содир гардида, афроди номаълум як оилаи бутун, волидайн ва се нафар фарзандони онҳоро ба қатл расониданд.
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста