Зиёда аз 1 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон рӯзҳои 14-18 март дар тамринҳои низомӣ дар машқгоҳи Ҳарбмайдон иштирок мекунанд.
Тавре ки дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия хабар медиҳад, тамринҳои низомии тактикӣ дар се марҳила баргузор мешаванд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни марҳилаи асосӣ хизматчиёни ҳарбӣ маҳорату малакаҳо оид ба баргузории амалиёти ба иҳота гирифтан ва маҳви гуруҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳро мавриди омӯзиш ва таҷриба қарор медиҳанд.
Дар марҳилаи хотимавии тамринҳо роҳу воситаҳои муқовимат зимни ҳамлаи гуруҳҳои иктишофӣ, гузаштан аз макони зарарнок (сироятшуда) ва барқарор намудани иқтидорӣ ҷангӣ омӯхта ва дар таҷриба санҷида мешаванд.
Ба ин тамринҳо сафарбарии зиёда аз 300 адад силоҳу муҳимоти ҳарбӣ ва махсус бо ҷалби чархболҳои ҳарбӣ дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон соли 2004 дар заминаи дивизияи тирандози ҳанӯз аз замони шӯравӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қарордошта таъсис дода шуд. Ин пойгоҳ бузургтарин ҷузъу томи Неруҳои ҳарбии Русия дар берун аз ҳудуди ин кишвар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.