Як намояндаи расмии ҳукумати “Толибон” дар ҳайати дастаи футболи Афғонистон дирӯз вориди Душанбе шудааст. Дар ин бора сафири ин кишвар дар Тоҷикистон дар ҳамоише дар Душанбе ба журналистон хабар дод.
Ҳофиз Аҳмад Зозай, намояндаи ҳукумати “Толибон” дар ҳайати дастаи футболи наврасони то 16-солаи Афғонистон дирӯз, 10 май, тавассути хатсайри Иcтанбул-Тоҷикистон вориди Душанбе шудааст.
Муҳаммад Заҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ки дирӯз барои пешвози бозигарон ба фурудгоҳи Душанбе рафтанд ва диданд, ки ин намояндаи ҳукумати “Толибон” ҳамроҳи даста ба Тоҷикистон омадааст.
Ба гуфтаи сафир, Ҳофиз Аҳмад Зозай ҳеҷ рабте ба соҳаи варзиш, махсусан футбол, надорад ва ҳадафи сафараш танҳо “назорат” – и футболбозони афғон аст.
“Вазифаи ӯ “назорат”-и 31 варзишгаре аст, ки ба Душанбе омадаанд. Ӯ назорат мекунад, то футболбозон нисбати ҳукумати “Толибон” ҳарфи бад нагӯянд, бо истифода аз фурсат аз Тоҷикистон ба дигар кишвар нагурезанду ба Афғонистон баргарданд. Ин намояндаи ҳукумати “Толибон” назди мо наомад ва аз суҳбат бо мо ва расонаҳо низ худдорӣ кард”, - гуфт сафири Афғонистон дар Тоҷикистон.
Варзишгарон ба намояндагони сафорат гуфтаанд, қабл аз парвоз ба Душанбе дар Кобул ҳушдор додаанд, ки бо хабарнигорон ва ҳатто бо намояндагони сафорат сӯҳбат накунанд.
“Мо ҳатман аз бозӣ дидан хоҳем кард, ки дар он бозигарони мо бозӣ мекунанд. Мо дар футбол бар зидди “Толибон” чизе намегӯем. Мо намехоҳем, ки варзишро ба сиёсат олуда кунем, вале тавре мебинем, онҳо аллакай варзишро ба сиёсат олуда кардаанд. Мо аз бозӣ ҳаловат мебарем, бозигаронро дастгирӣ мекунем, парчамҳои Афғонистону Тоҷикистонро баланд мебардорем”, - таъкид кард сафир.
Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон низ тасдиқ намуданд, ки дирӯз, 10 май тавассути хатсайри Истанбул – Тоҷикистон дастаи мунтахаби то 16-солаи Афғонистон ба Тоҷикистон омад ва Ҳофиз Аҳмад Зозай “ба ҳайси роҳбари ҳайати намояндагияшон аст”.
Дастаи то 16-солаи Афғонистон рӯзи 13 май дар доираи мусобиқаи CAFA-2022 (U-16) дар Душанбе бо дастаи Қирғизистон бозӣ хоҳад кард.
Баъди ба сари қудрат омадани ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон аз августи соли гузашта ин нахустин сафари расмии як намояндаи ҳукумати онҳо ба Тоҷикистон аст. Ин дар ҳолест, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишваре дониста мешавад, ки бо ҳукумати “Толибон” то имрӯз ҳеҷ робитае надошт.
Роҳбарияти Тоҷикистон дар ҳамоишҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ҳамеша таъкид мекунанд, ки тарафдори ҳукумати инклюзивӣ дар Афғонистон ҳастанд ва тоҷикон, ки қисми зиёди аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, бояд ба он шомил гарданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 13 то 20 май дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 16-сола баргузор мешавад. Панҷ даста барои соҳиб шудан ба ин қаҳрамонӣ мубориза мебаранд. Дар чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 16-сола дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста