Деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз лиҳози амният бештар осебпазир аст. Деҳаро аз ду тараф кӯҳҳо иҳота карда, гӯиё чун кафи даст барои тирпаронӣ мусоид аст. Дар деҳаи Сомониён мардуми ду миллат паҳлӯи ҳам зиндагӣ дошта, хонаҳояшон ҳам наздик ҳамдигар ҷойгир аст. Дар заминаи баҳсҳои марзӣ ин деҳа бисёр вақт макони муноқишаҳо қарор мегирад. Муноқишаи ахир низ истисно нест.
Дар муноқишаи мусаллаҳонаи пешина дар моҳи январи соли равон деҳаи Сомониён аз ҳама бештар зарар дида буд.
Ин дафъа вазъияти деҳа хеле бадтар ба назар мерасад: кӯчаҳои беодам, даҳҳо хонаҳои харобшудаи сокинони осоишта, автомашинаҳои сӯхта, амволи шахсони осебдида, ки дар баъзеашон оташ ҳоло ҳам фурӯзон аст.
Афроди ба ин амал дастзада онро бо бераҳмии махсус содир намуда, масҷиду мактаб ва мошини ёрии таъҷилии тиббиро ҳадафи ҳамлаву оташ қарор додаанд.
Ба гуфтаи раҳбарияти ҷамоати Чоркӯҳ, дар деҳаи Сомониён ҳудуди 35 хона пурра тахрибу сӯхта шудааст. Барқарор намудани ягона мактаби деҳа, ки дар он ҳудуди 300 нафар таҳсил мекарданд, низ ғайриимкон аст. Бунгоҳи тиббии чанде пеш сохтмонаш оғозгардида низ тахриб шудааст. Бар асари осеб дидани трансформатор як ҳафта боз дар деҳаи Сомониён барқ нест.
Дар ҳоле, ки мақомот ҳаҷми зиёни расидаро ҳисобу китоб мекунанд, аҳолии осебдида ба биноҳои муддати чандин сол сохтаву акнун вайроншуда дилашон месӯзад. Онҳо дарк карда наметавонанд, ки нисбати шахсони ин амалро содирнамуда чӣ коре кардаанд...
“Аз тирпаронӣ базӯр эмин мондем”
Хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест, зеро сокинон саривақт ба тарк кардани манзилҳояшон фурсат ёфтанд. Бархе аз саросемагӣ ҳатто ҳуҷҷатҳои худро нагирифта буданд, зеро ҳамлаи субҳи барвақти рӯзи 16 сентябр аз ҷониби низомиёни қирғиз комилан ногаҳонӣ буд.
Аксарияти сокинон ҳоло ҳам метарсанд, ки назди хонаҳояшон раванд, чунки пушти девори хонаҳо деҳае ҷойгир аст, ки онро низомиёни қирғиз посбонӣ мекунанд.
Ва танҳо бо ҳамроҳии сарбозон розӣ шуданд, ки манзараи аз хонаашон боқимондаро нишон диҳанд.
Аз зиндагии маъмули одамон дар ин ҷо ҳамагӣ чанд рӯз пеш танҳо мурғон гувоҳӣ медоданд, ки дар ҳавлиҳо зироати ғалладонаи сӯхтаи дар таҳхонаҳо захиракардаи сокинонро меҷустанд.
Аброриддин Розиқов чандин сол боз дар колхоз тракторист аст. Ӯ муддати 6 сол хона сохта, он дар як рӯз сӯхт. Инчунин комбайни ғаллағундорӣ, ки бо он барои таъмини рӯзгораш кор мекард, автомашинаи чанде қабл харидааш, анбор бо захираи маҳсулоти яксола ва устохона бо ҳама асбоб низ ба коми оташ рафт...
“Онҳо бидуни огаҳӣ соати 5-и субҳ ба тирпаронӣ оғоз намуданд. Ман дарҳол бедор шудам, зану фарзандонам хоб буданд. Онҳоро бедор кардам ва базӯр аз типаронӣ ҷони худро халос кардем. Ман онҳоро бо чашмони худам дидам, - мегӯяд Аброриддин Розиқов ва ба девори шикастаи лойӣ ишора мекунад, ки низомиёни қирғиз тариқи он ба хонааш даромадаанд. - Бинед, ман бо либоси хонагӣ давида баромадам. Дигар чизе надорам”.
Нишони зинда дар муноқишаҳо
Умедҷон Мақсудов бо пули ҷамъкардааш ба Русия билет гирифт. Ӯ барои таъмини зиндагии се фарзандаш, бояд ба муҳоҷират мерафт. Ҳоло хонаи ӯ пурра сӯхта хокистар шудааст. Ӯ намедонад, ки акнун чӣ кор мекунад.
Дар хонаи калони Сафаровҳо се оила – волидон ва фарзандон бо оилаҳояшон зиндагӣ доштанд. Солҳои тӯлонӣ аст, ки ҳамаи онҳо бо деҳқонӣ машғуланд. Фурӯши маҳсулот ягона роҳи даромади онҳо аст.
Пас аз сӯхтори хонаашон ин оила ҳамаи захираҳои худ, аз ҷумла беш аз 2 тонна зардолуқоқ, 800 кг донаки зардолу, ҳамин қадари дигар гандуму биринҷ, наздики як тонна себ, 400 кг картошкаро аз даст дод.
“Субҳи барвақт бародарам занг заду хабар дод, ки дар деҳаҳои атроф тирпарронӣ оғоз шудааст. Мо волидон, ҳамсарҳоямон ва фарзандонро бедор карда, ба мошин нишастем ва хонаро тарк кардем, - мегӯяд яке аз бародарони Сафаровҳо. – Раҳораҳ ҳамсояро низ бедор кардем, онҳо ҳам тавонанд ба макони амн раванд. Фарзандон сахт тарсиданд. Чунин тирпарронӣ ва таркишҳои ваҳимро бори аввал шунидам. Ба хонае, ки шаш сол бунёд карда будем, се рӯз пас баргаштем. Умед надоштем, ки дар ин ҷо чизе обод мемонад”.
Миёни хонаҳои сӯхта гашта, фарорасии торикиро пайхас накардем. Моро огоҳ карданд, ки барои амнияти хеш деҳаро то фарорасии шаб тарк кунем. Аммо зарардидагон, онҳое, ки хонаҳояшон сӯхта хокистар шудааст, бо умеде, ки суханашон шунида шавад, намехостанд моро раҳо кунанд.
“Мо намехоҳем, ки заминҳои хешро тарк кунем. Мақомоти ҳар ду ҷониб бояд коре кунанд. Мо сокинони осоиштаем ва ҳангоми муноқишаҳо ҳамеша ҳадаф қарор мегирем. Дар пеш зимистон аст, мо бошем бе хонаву дар мондем...”, - мегӯяд яке аз нафароне, ки хонааш сӯхтааст.
Дилбастагӣ ба сарзамини худ
Дар роҳи бозгашт полезу кӯчаҳои беодамро гузашта, дар назди дарвозаи як хона духтари наврасеро дидем, ки як худаш бозӣ мекард.
Гӯиё як хешовандамонро вохӯрда бошем, ки ӯро ба оғӯш гирифтем. Овози одамонро шунида, соҳиби хона - падари духтарча ҳам аз хона баромад. Маълум шуд, ки маҳз дар хонаи ӯ сокинони аз тирпаронӣ гурехта сарпаноҳ ёфтаанд.
“Дар ин ҳолатҳо бисёр вақт моро ба ҷой бехавф мекӯчонанд. Аз ин рӯ, махсус ду таҳхонаи калон сохтам, - изҳор дошт мард. - Ин дафъа мо ба ҳудуди сад нафар ҳамдеҳаҳоямон ҷой додем. Хеле таассуфовар аст, ки дар замони осоишта мо маҷбурем барои наҷоти ҷон аз дасти ҳамсояҳо дар таҳхонаҳо пинҳон шавем”.
Манзараи даҳшатноки деҳаи харобшуда ва ноумедии сокинони дар як лаҳза бесарпаноҳ мондаро бо чашмони худ дида, муддати хеле дар бораи аҳволи вазнини ин мардум, ки маҷбуранд дар минтақаи ноамни наздисарҳадӣ зиндагӣ кунанд, сари андеша рафтем.
Шояд танҳо эътиқод ба Худо, ҳамбастагӣ ва муҳаббат ба зодгоҳ онҳоро дилгарм месозад, ки борҳо ҳолатҳои вазнинро паси сар намуда, умедвор бошанд, ки замоне ба сарзамини онҳо ҳам сулҳу оромӣ меояд.
Сари роҳ бо нозири минтақавии милитсия Абдумалик вохӯрдем. Мошини ӯ ҳам ҳамроҳ бо бинои мактаб сӯхтааст.
Лекин ӯ дар деҳа монда, ба адои қарзи худ назди ватан идома медиҳад. Ҳамарӯза ӯ чандин маротиба саросари деҳаро гаштугузор мекунад. Акнун ба ҷойи автомашина аз дучарха (велосипед) истифода мебарад.