Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) соли 2024 дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон якчанд чорабиниҳои омодагии муштарак баргузор мекунад.
Сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал-полковник Андрей Сердюков дар брифинг изҳор доштааст, ки дар Қазоқистон баргузории тамринҳои фармондеҳӣ-ситодӣ бо неруҳои ҳомии сулҳи СААД «Нерушимое братство-2024» пешбинӣ мешавад. Ӯ зикр кардааст, ки Созмон ба ҷалби намояндагони мақомоти мудофиа, ташкилотҳои заминавии таълимӣ-методӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ бо мақсади омӯзиши мушкилоти муҳими рушди неру ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъонаи СААД идома медиҳад.
“Дар қаламрави Тоҷикистон ҷамъомади фаврӣ бо Фармондеҳии Неруҳои дстаҷамъонаи зудамал дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамрини муштарак бо воҳидҳои Неруҳои дастаҷамъонаи зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ “Рубеж-2024” ба нақша гирифта шудааст”, - гуфааст сардори Ситоди муттаҳидаи СААД.
Дар қаламрави Қирғизистон аз ҷумлаи чорабиниҳои асосии омодагии муштарак моҳҳои сентябр-октябр баргузории тамрини фармондеҳӣ-ситодӣ бо Неруҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД “Взаимодействие-2024”, тамрини махсуси неру ва воситаҳои “Поиск-2024”, тамрини махсуси неру ва воситаҳои таъминоти моддӣ-техникии воҳидҳои СААД “Эшелон-2024” пешбинӣ шудааст.
“Дар марҳилаҳои фаъоли машқҳо иштироки нозирони кишварҳое, ки аъзои СААД нестанд, созмонҳои байнулмилалӣ, корпусҳои ҳарбӣ-дипломатии муқими Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар назар аст”, - иброз доштааст Сердюков.
Ба гуфтаи ӯ, ба ин тариқ то поёни соли 2024 алгоритми қабул ва иҷрои қарорҳои дастаҷамъӣ дар мавриди истифодаи нерӯ ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СААД комилан таҳия шуда, кор барои такмили равобит байни кишварҳо идома хоҳад ёфт.