Боридани барфи зиёд тайи рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон метавонад барои равуои одамон ва автомашинаҳо дар кӯчаҳо мушкили ҷиддӣ эҷод кунад.
Тавре ки дар КҲФ Тоҷикистон зикр карданд, акнун бо тадриҷан гармшавии ҳаво, хатари аз бомҳо фаромадани барф ва шӯшаҳои ях ба вуҷуд меояд.
“Ин метавонад ба ҷароҳатҳои вазнин ва осеб дидани автомашинаҳо боис гардад. Ин миқдор барф натанҳо барои равуои одамону автомашинаҳо, балки барои худи боми бинову иншоот хатарнок аст”, - таъкид доштанд дар Кумита.
Вазни барфи болои бом зиёд буда, агар барф тар бошад, боз вазнинтар мешавад. Масалан, дар боми масоҳаташ 100 метри мураббаъ бо 50 см ғафсии қабати барф вазни он то 5 тонна ва бо барфи тар то - 15 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин миқдори барф ба боми хона фишор оварда, сарбории аз ҳад зиёд ба бом ва сохтори чӯб, метавонад ба тахриб ва фурӯпошии он боис гардад.
Беҳтарин воситаи пешгирии оқибатҳои манфии обшавии барф, саривақт бо риояи техникаи бехатарӣ тоза кардани бомҳо аз барф мебошад.
Барои ҷароҳат нагирифтан, КҲФ тавсия медиҳад, ки қоидаҳои асосии бехатарии зерин қатъиян риоя карда шаванд:
- зери лабгӯшаи боми хонаҳо, ки шӯшаҳо овезонанд, наистед, дар ин маврид ба рафтори кӯдакон ҷиддан диққат диҳед;
- аз рӯйи имкон талош кунед лабгӯшаи боми хонаҳоро аз яхпораҳо тоза кунед;
агар зарурати гузаштан аз лабгӯшаи бомҳои шушадор пеш омад, кӯшиш намоед хеле ба зудӣ аз он бигзаред;
- ҳангоми мушоҳида кардани шӯшаҳо ва якпораҳои овезон дар бомгӯшаҳо кӯшиш кунед ташкилоти хизматрасонро огоҳ созед. Кормандони хизмати коммуналӣ маъмуранд, ки ба иттилои шумо вокуниш нишон диҳанд.
- ҳамчунин дар ёд бояд дошт, ки бештар вақт шӯшаҳо дар обравҳо пайдо мешаванд, ин аст, ки ин мавзеъи хонаҳо хеле хатарноканд. Аз сӯйи дигар гузаргоҳи ин гуна мавзеъҳо хатари бештар доранд, чун маъмулан қабати ғафси ях маҳз зери обрави биноҳо ва шӯшаҳои овезон пайдо мешавад.
- зарур аст хеле эҳтиёткор буд ва аз зери деворҳои биноҳо бо эҳтиёт гузар кард. Агар ҳангоми ҳаракат дар пиёдарав шумо садои шубҳаовареро шунидед, набояд дар ҷоятон қарор гиред ва сар боло кунеду хоҳед донед, ки чӣ мегузарад. Эҳтимол меравад ин лағзиши барф аст ва ё афтиши яхпораи бузургест. Дар ин ҳолат ё зуд бояд гузашт ва ё зуд худро ба танаи девор ҷафс кард, то осебе ба худатон нарасад.
Қобили зикр аст, ки дар яхбандӣ маъмулан шумори осебдидагон дар кӯчаҳо меафзояд. Барои он ки налағжед ва осеб набинед, сари вақт ба пойафзоли худ эътибор диҳед, ҳатман попӯшҳоеро пӯшед, ки лағжонак набошанд. Бахусус, занон бояд дар чунин рӯзҳо аз пӯшидани пойафзоли пошнабаланд худдорӣ кунанд.
КҲФ ба ронандагон ҳушдор медиҳад, ки вақти сафар дар роҳҳои яхиву пурбарф кулли қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, фосиларо риоя кунанд ва хубтар аз ҳама аз сафарҳои безарурат дар чунин ҳолатҳои худдорӣ кунанд.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат то 5-7 дараҷа гарм мешавад.