Агентии омори назди президенти Тоҷикистон бо дастгирии моливии Бонки осиёии рушд (БОР) ба татбиқи лоиҳае, ки ба мустаҳкам намудани итқидори Агентии омор дар соҳаи омори гендерӣ равона карда шудааст, оғоз кард.

Бино ба маълумоти Агентии мазкур, лоиҳа дар чорчӯбаи Барномаи минтақавии БОР «Мусоидати гендерӣ – инклюзивии рушд ба мамлакатҳо – иштирокчиёни Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ» татбиқ карда мешавад. Иҷрокунандаи бевоситаи лоиҳа Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Фонди паст кардани сатҳи камбизоатӣ» мебошад, ки дар асоси қарордод намояндагии онро аз номи БОР ба иҷро мерасонад.

Гуфта мешавад, дар чорчӯбаи татбиқи лоиҳаи мазкур таҳияи лоиҳаи сиёсати ташкилӣ аз тарафи Агентии омор, тақвият бахшидани итқидорҳои асосии мутахассисони Агентии омор оид ба масъалаҳои такмил додани маълумотҳои гендерӣ, таҳлили онҳо ва малакаи паҳн намудан, таҳияи гендери васеи нав-веб саҳифаҳо, ки дар худ хазинаи маълумотҳо ва дигар чорабиниҳои мусоидаткунандаи рушди омори гендериро дар мамлакат дар бар мегиранд, ба нақша гирифта шудааст.