Анонс

- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек ширкат меварзад;

- Дар қароргоҳи беруназшаҳрии ҳукумати Тоҷикистон «Пуғус», воқеъ дар ноҳияи Варзоб ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистиону Олмон ба кори худ идома мебахшад;

- Дар боздоштгоҳи КДАМ ҶТ мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии парвандаи соҳибкори маъруф Зайд Саидов доир мегардад. Оғоз соати 09:00;

- Дар суди ноҳияи Синои пойтахт мурофиаи судии пешакӣ оид ба парвандаи як гурӯҳи зиёиён нисбат ба идораи ҳафтавори «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина баргузор мешавад. Оғоз соати 09:00.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7679 сомонӣ;

1 евро - 6.1014 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1483 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

Рӯзи мелиораторон

1932 – Канали магистралии Вахш мавриди истифода қарор гирифт.

1929 – Зодрӯзи доктори улуми филологӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон профессор Ҷонон Бобокалонова.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +25+30.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +20+25.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +23+28.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +12+17, рӯзона +24+29;  дар шарқи вилоят шабона -2+3, рӯзона +12+17.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +30+32.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +27+29.