Дар Тоҷикистон байни занони фаъолу дорои нияти таъсиси тиҷорати нав озмун эълон гардид. Дар ин бора имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон хабар доданд.

Озмун дар ҳамдастӣ бо Кумитаи корҳо бо занон ва оилаи вилояти Хатлон ва Суғд бо дастгирии молиявии сафорати ИМА дар Тоҷикистон созмон дода мешавад. Дар озмун занони соҳибкори синнусоли аз 18 то 35-сола иштирок карда метавонанд. Тарҳҳои беҳтарини роҳандозии тиҷорати судманд бо сармоягузорӣ таъмин карда мешаванд.

Ба ғолиби озмун дастгирӣ зимни оғози роҳандозии тиҷорат ва тӯли моҳҳои аввали фаъолияти корхонаи нав кафолат дода мешавад.

Маросими қадрдонии ғолибони озмун дар доираи конфронси байнулмилалие, ки бо иштироки занони соҳибкор ва намояндагони парлумони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон моҳи январи соли оянда дар Душанбе доир мегардад, баргузор хоҳад шуд.