Рӯзҳои истироҳат ташкилоти гуманитарии «Бобуна» барои аҳолии деҳаи Карагочи вилояти Хатлон, ки сатҳи гирифторӣ ба бемории сил дар он зиёд ба мушоҳида мерасад, як аксияи хайрия доир намуд.

Раиси ташкилот Саидислом Мирзоев ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин аксия ба 14 нафар гирифторони бемории сил бастаҳои маводи ғизойӣ, сарулибос ва 11 тонна оби тозаи нӯшокӣ оварда шуданд. «Ба мактаби маҳаллӣ зарфи нигаҳдории об бо ғунҷоиши 500 литр супурда шуд», - гуфт ӯ.

Ба қавли Мирзоев, ин сафари нахустини ташкилоти «Бобуна» ба ин деҳа набуда, қаблан ташкилот дармонгоҳи зидди бемории сили маҳаллиро бо дастгоҳи флюорографӣ таъин кард.

Қобили зикр аст, ки ташкилоти «Бобуна» аз ҷониби воситаҳои худи Саидислом Мирзоев, духтури дандонпизишк ва дӯстони соҳибкори ӯ маблағгузорӣ мешавад.

Таври маълум, 461 нафар сокинони деҳаи Карагоч ба иллати хатари фаромадани селу ярч, беобӣ, мавҷудияти сарчашмаҳои гирифторӣ ба бемори сил бояд ба маҳалли дигар кӯчонида шаванд, вале алҳол танҳо як оила ба сохтмони манзил дар қитъаи замини барои кӯчонидан пешбинишуда оғоз намудааст.