Ҳайати вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз иншооти сохтмонии шаҳри Санкт-Петербурги Русия, ки дар он муҳоҷирони кории тоҷик фаъолият мекунанд, боздид намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, вакилон бо бинокорони тоҷик мулоқоти гарму самимӣ ороста, ба мушкилоти онҳо дар робита ба шароити кор, муносибатҳои меҳнатӣ бо корфармоён ва дигар мушкилиҳо дар давраи муҳоҷират таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. «Дар навбати худ муҳоҷирон иброз доштанд, ки аз муқарраоти қонунгузории Русия дар бахши муҳоҷират бахубӣ огаҳ буда, мутобиқи он фаъолияташонро ба роҳ мондаанд», - гуфт номбурда.

Ба қавли Аҳмадов, ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҳамчунин бо роҳбари диаспораҳои тоҷикон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Бахтибек Бердиев низ мулоқот ороста, атрофи самтҳои асосии фаъолият ва натиҷаҳои кори ин диаспораҳо табодули назар намуданд.

«Дар ҷараёни сафар ҳайати вакилони парлумони Тоҷикистон аз коллеҷи касбии №89-и шаҳри Санкт-Петербург, ки айни замон дар он 30 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба касбомӯзӣ машғуланд, низ боздид карданд», - гуфт котиби матбуотии намояндагӣ.

Қобили зикр аст, ки ҳайати вакилони парлумонро раиси Кумитаи буҷети МНМО ҶТ Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ Марҳабо Ҷабборова ва вакил Маҳмадраҳим Каримов намояндагӣ доштанд.