Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 95-умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии геологиву иктишофии ба номи Серго Орҷоникидзеи Русия ширкат варзид.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни сухаронӣ дар ин чорабинӣ Достиев зикр кардааст, ки Тоҷикистон ба ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо Русия, бахусус дар самти тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби сатҳи баланд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, имрӯз дастпарварони ин донишгоҳ дар кишварҳои паҳнои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ муваффақона фаъолият доранд.

«Имрӯз ҳам дар ин муассисаи таълимӣ шумори зиёди донишҷӯён ва аспирантҳои Тоҷикистон таҳсил доранд ва чун қисмати зиёди Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил дода, он аз захираи канданиҳои фоиданок ғанӣ аст, кишвари мо ба мутахассисони бахши геологияву иктишоф ниёз дорад», - зикр кардааст сафир.

Ба гуфтаи манбаъ, сипас сафир ба ҳозирин роҷеъ ба самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия маълумот дода, изҳор намудааст, ки имрӯз кишварҳоро ҳамкориҳои гуноугунҷанбаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, фарҳангиву илмӣ, заминаи густардаи қарордодиву ҳуқуқӣ, мавқеи ягона дар ҳалли мушкилоти минтақавиву ҷаҳонӣ ва ғайра муттаҳид месозад.

«Мо тӯли асрҳост, ки бо Русия муносибатҳои дӯстона дорем ва ҷонибҳо ба ин муносибатҳо арҷ гузошта, онро гиромӣ медоранд», - таъкид доштааст Достиев.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи ин чорабинӣ Достиев ҳамчунин бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот ороста, бо онҳо атрофи дурнамои рушди бахши геология дар Тоҷикистон табодули назар намудааст. «Ҳамаи шумо оянда соҳиби диплому касбҳои гуногун дар бахши геология мегардед ва кишвар аз шумо умедҳои зиёд дорад», - иброз дошт сафир.