Анонс

- Соати 6-и субҳ дар саросари Тоҷикистон беш аз 3 ҳазору 100 адад қитъаҳои овоздиҳӣ барои интихоботи президенти Тоҷикистон ба фаъолият оғоз мекунанд;

- Соатҳои 10:00, 14:00 ва 18:00 КМИР ҶТ барои пешниҳоди маълумот дар бораи ҷараёни овоздиҳӣ брифингҳо ташкил мекунад;

- Аз соати 09:00 дар боғҳои фарҳангу фароғати шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон сайругашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт ва чорабиниҳои идона баргузор мешаванд;

Қурби асъор

1 доллари ИМА -  4.7718 сомонӣ;

1 евро - 6.5556 сомонӣ;

1 рубли русиягӣ - 0.1504 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1994 – Дар раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Констиитутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул карда шуд. Э.Раҳмонов президенти ҶТ интихоб шуд.

1999 – Маъраки навбатии интихоботи президентӣ доир гардид. Эмомалӣ Раҳмонов ба муҳлати дуюм президенти ҶТ интихоб гардид.

1922-1991 – Зодрӯзи журналист Нишон Ҳамроҳ.

1923 – Мавлуди арбоби давлатӣ Низорамоҳ Зарифова.

1925-1995 – Зодрӯзи артисти балет, Ҳунарманди халқии ИҶШС аз Тоҷикистон Лутфӣ Зоҳидова.

1936 – Мавлуди доктори улуми таърих, профессор Роҳат Набиева.

1948 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баландиии беш аз 2200 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +12+17.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +5+10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 2000 метр барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +8+13.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии зиёда аз 2500 метр барф).

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -1+4, рӯзона +8+13;  дар шарқи вилоят шабона -6-11, рӯзона -1+4.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +14+16. 

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +10+12.