Рӯзи 7 ноябри соли равон намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти маҳаллӣ, ҳамчунин як ҳайати дипломатӣ дар маросими супоридани техникаи компютерӣ ва ғайра ба мактаб-интернати маъюбони воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар маросими кӯмаксупорӣ Раиси Фонди хайриявии Тоҷикистон Талбак Назаров ва Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров ширкат доштанд.

Барои меҳмонон намоиши театронишуда пешкаш гардид, ки дар он хонандагони мактаби номбурда иштирок доштанд. Бачаҳо рақсу шеърхонӣ намуда, инчунин як саҳначаи ҳаҷвӣ намоиш доданд, ки аз ҷониби меҳмонон хуб пазируфта шуд.

Бояд қайд намуд, ки маблағҳо барои фаъолияти хайриявӣ дар ҳаҷми зиёда аз 32 ҳазор сомонӣ дар рафти Фестивали байналмилалии хайриявии таомҳо, ки дар тарабхонаи Ёқут-2000 21 сентябри соли 2013, бо ташаббуси Маҳфили сафирони шаҳри Душанбе, дар якҷоягӣ бо Маҳфили иҷтимоии шаҳри Душанбе ва таҳти сарпарастии Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гардида буд, бо мақсади кӯмак ҷамъоварӣ карда шуда буданд.