Филми мустанади Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик таҳти унвони “Аз ҳад калон” («Слишком большой») ба ҷашнвораи филмҳои кӯтоҳи Байконур, ки дар Қазоқистон баргузор мешавад, роҳ ёфт. Дар ин бора масъулини ҷашвора хабар медиҳанд.
Гуфта мешавад, филми "Аз ҳад калон "-и Абдуллоҳ Ғурбатӣ ягона филм аз Тоҷикистон аст, ки дар баробари 17 филми намояндагони дигар кишварҳо дар ин ҷашнвора намоиш дода мешавад. Худи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳоло дар боздошт қарор дорад.
Филми "Аз ҳад калон" аз сарнавишти кӯдаке бо номи Абдураҳмон қисса мекунад, ки ҳамагӣ 13 сол дошта, бо сабаби тангдастӣ аз дарсу илмомӯзи дур мондааст ва дар бозор аробакашӣ карда, бори зиндагӣ пеш мебарад. Ин наврас мехоҳад мисли дигар ҳамсолонаш дар мактаб таҳсил кунад, аммо фақр ва шароити пасти иҷтимоӣ дар оила ба ӯ ин имкониятро намедиҳад.
Ин филмро тақрибан чор моҳ пеш дар Ӯзбекистон низ, дар доираи як ҷашнвора намоиш дода буданд ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамчун муаллиф ба таври онлайнӣ дар намоиш иштирок ва филмро муаррифӣ карда буд.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд. Дар оғоз мақомот ӯро барои итоат накардан ба корманди пулис боздошт карданд, вале баъдан Абдуллоҳ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста