Имрӯз, 24 октябр соати 19:00 бо гала-консерт дар Театри давлатии академии хурди шаҳри Маскав Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия оғоз мешаванд, хабар медиҳад намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Консерт бо иштироки овозхонҳои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Шарофат Усмонова ва Манучеҳр Раҳмонов, ҳунармандони мардумӣ Раҳматулло Ҳошимов ва Фирдавс Ҳошимов, сарояндагони эстрада Зафар Абдуалимов, Чоршанбе Аловатов, Нигина Амонқулова, Кароматулло Муҳаммадрафӣ, Манучеҳр Раҳмонов, Шариф Хайриддин ва Хуршед Иброҳимов баргузор мешавад.

Ҳамчунин дастаҳои рақсии “Гулрез” ва “Зебо”, инчунин гурӯҳи карнайнавозон низ табъи меҳмононро болида хоҳанд гардонид.

Дар толори театр маҳсули кори ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Консерти минбаъда рӯзи 26 октябр дар саҳнаи толори консертҳои “Бошқирдистон”-и шаҳри Уфа доир мегардад.

Рӯзҳои фарҳанг бо дастгирии Вазоратҳои фарҳанги Русия ва Тоҷикистон дар доираи 30-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ қаблан зимни вохӯрии кории вазири фарҳанги Русия Олга Любимова бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баррасӣ шуда буд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои татбиқи чорабиниҳоро дар соли ҷорӣ, инчунин имконоти густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ байни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.