Дар Тоҷикистон аз ҷониби Туркманистон барои 540 хонанда мактаби нав бо забони туркманӣ бунёд карда мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, сохтмони мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон моҳи декабри соли равон шурӯъ мешавад ва ду сол идома меёбад.
Аз сафорат гуфтанд, Сардор Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон, ахиран бо имзои як қарор иҷоза додааст, ки бо ширкати паймонкор барои сохтмони мактаб дар Тоҷикистон қарордод банданд.
“Дар қарор зикр шудааст, ки корҳои сохтмони ин мактаб дар моҳи декабри соли 2022 оғоз гардида, иншоот моҳи декабри соли 2024 бояд ба истифода супорида шавад”, - гуфт манбаъ.
Дар қарори раисиҷумҳури Туркманистон гуфта шудааст, ки ин тасмим дар асоси анъанаҳои бузурги инсондӯстии аҷдодони туркман, муносибатҳои дӯстона, бародарона ва неки ҳамсоягии Туркманистон ва Тоҷикистон қабул шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 7 мактаб бо забони туркманӣ фаъолият мекунад.
Тибқи иттилое, ки АМИТ "Ховар" нашр намудааст, дар Тоҷикистон ҳудуди 25 ҳазор туркмантаборон дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Қубодиён ва Шаҳритуси вилояти Хатлон умр ба сар мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони маҷмааи биноҳо моҳи ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисиҷумҳури вақти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба имзо расида буд.
“Султони ишқу шаҳриёри шеър”. Ёде аз Шаҳриёр, шоири форсизабон, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасон маълум шуд
“Биёед чароғҳоро дубора фурӯзон кунем”. Чӣ яғнобиҳоро водор мекунад ба мулки падарии худ баргарданд?
Боздошти як ҷавон бо гумони куштори хоҳараш бо 9 зарби корд
Ҷабҳаи муқовимат ҳушдор додааст, ки ДОИШ қасди ҳамла ба сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Кобулро дорад
Таҳкими озодии баён ва дифоъ аз журналистон. 25 соли роҳи пур аз шебу фарози АМВАОМТ
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дониши бесамар”
Кушта шудани беш аз 10 кас дар пайи таркиши дастгоҳҳои паёмрасон дар Лубнон
Корфармоёну корҷӯён барои як “дидори кӯтоҳмуддат” дар Душанбе гирдиҳам омаданд
“Рейд” дар марказҳои дилхушӣ. 230 нафар дар доираи амалиёти “Ахлоқ” ба милитсия оварда шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста