Шоми дирӯз, 4-уми май, ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ - “Парасту-2023” дар Душанбе ҷамъбаст шуд. Ғолибон дар номинаҳои гуногун эълон гардиданд. Баъзе аз ҳунармандону ҳаводорони театр натиҷаи озмунҳои ҷашнвораро “ноодилона” медонанд. Ҳайати ҳакамон бошад, кори худро одилона меҳисобад. Чӣ бояд кард?

Шоҳҷоизаи ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ - “Парасту-2023”-ро Театри давлатии драммавии русии ба номи В. Маяковский бо намоишномаи “Мастер ва Маргарита” соҳиб шуд. Он аз рӯйи асари Михаил Булгаков ва дар коргардонии Хуршед Мустафоев саҳнагузорӣ шудааст.

Намоишномаи “Иштибоҳ”-и Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов (бо коргардонии Нозим Меликов) ҷоизаи Хушназар Майбалиевро соҳиб шуд.

Намоишномаи “Пораабри сафеди Чингизхон”-и Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ сазовори ҷои аввали ҷашнвораи “Парасту 2023” гардид. Он аз рӯи асари Чингиз Айтматов, нависандаи маъруфи қирғиз ва дар коргардонии Султон Усмонов рӯи саҳна оварда шуд.


Ҷои дуюм насиби намоишномаи “Зол ва Рудоба”-и Театри давлатии мазкавӣ-мусиқавии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов гардид. Ин намоишнома аз рӯи асари “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва дар таҳияи коргардон Баҳром Қурбонов ба саҳна гузошта шуд.

Театри мусиқӣ мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо намоишномаи “Савдоӣ” ҷои сеюмро ишғол кард. Намоишнома перомуни “савдои бомбаи атомӣ” буда, хусусияти таърихӣ дошт.

Моҳпайкар Ёрова (барои иҷрои нақш дар намоишномаи “Иштибоҳ”) дар номинаи “Беҳтарин нақши занона” ва Ҷобиршо Хубоншоев (барои иҷрои нақш дар намоишномаи “Савдоӣ”) дар номинаи “Беҳтарин нақши мардона” ғолиб дониста шуданд.

Дар номинаи “Беҳтарин асари драмматургӣ” асари “Гулҳои паси панҷара”-и Толиб Озарахш ва “Беҳтарин кори коргардонӣ” намоишномаи “Горбун из Нотрдама”-и Сӯҳроб Усмонов аз Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ғолиб эълон гардиданд.

Ҷамшед Холиқов рассоми “Горбун из Нотрдама” “Беҳтарин ороишгари саҳна” дониста шуд.

1/16

Эътирози ҳунармандон

Пас аз ҷамъбасти ҷашнвораи “Парасту-2023” баъзе ҳунармандон ва ҳаводорони театр аз хулосаи ҳакамон норозигӣ баён карданд.

Отахон Саидзода, роҳбари Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар нахустин шуда, аз натиҷаи кори доварон норозигӣ кард. Ӯ дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “аъзои ҳакамон ноадолатӣ карданд”.

“Дар низомномаи ҷашнвора зикр мегардад, ки ба намоишномаҳои миллӣ бартарӣ дода мешаванд, вале доварон берун аз низомнома ба намоишномаҳои “ғайримиллӣ” ҷои аввал ва Шоҳҷоиза доданд”, - шарҳ дод Саидзода.

Отахон Саидзода

Марям Исоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ҳам пас аз ҷамъбасти ҷашнвора дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “имсол дар озмуни “Парасту-2023” намоишномаҳои хубу касбӣ пешниҳод шуданд, вале ҷамъбаст одилона нашуд”.

Марям Исоев гуфт, “ба натиҷагирии кори доварон комилан розӣ шуда наметавонам ва ба андешаи ман, намоишномаҳои дигар арзиши ҷои аввал ва Шоҳҷоизаи “Парасту-2023”-ро доштанд”.

Марям Исоева

Абдулмӯъмин Шарифӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ҳам аз натиҷаи ҷамъбасти ҷашнвора “қисман норозӣ” буд ва гуфт, “аз натиҷаи ҷашнвора қисман норозӣ ҳастам ва ба пиндори ман, дигар намоишномаҳо сазовори ҷоизаҳо буданд”.

Абдулмӯъмин Шарифӣ

Ҳафиз Раҳмон, адабиётшиноси шинохта ва ҳаводори театр, ки аксари намоишномаҳои ба ҷашнвораи театрҳои касбӣ - “Парасту-2023” пешниҳодшударо дидааст, мушаххас гуфт, “намоишномаи “Зол ва Рудоба” сазовори ҷоизаи баландтар буд”.

“Доварон ба намоишномаи “Зол ва Рудоба” таваҷҷӯҳи зарурӣ равона накарданд. Ин намоишнома сазовори ҷоизаи баландтар буд, зеро мавзӯи миллӣ дошт ва аз таърих, адабиёт ва фарҳанги тоҷикон нақл мекард. Ҳунармандон ҳам нақшҳоро хуб офариданд ва мусиқӣ ҳам мутантан буд”, - иброз дошт Ҳафиз Раҳмон.

Ҳафиз Раҳмон

Шарҳи довар

Муҳаммадуллоҳи Табарӣ, театршинос ва яке аз аъзои ҳакамони “Парасту-2023” зимни шарҳи хулосаи ҳакамон гуфт, он ба ду меъёр – касбият ва бадеият асос ёфта буд.

Ба қавли Табарӣ, дар ҳама намоишномаҳои театрҳои касбӣ “камбудиву норасоиҳо мушоҳида шуд”, аммо бо вуҷуди ин, “доварон намоишномаҳоро дида, ба таҳлилу баррасӣ кашиданд ва пас аз баҳсҳои тезу тунд натиҷаи одилонаи худро эълон доштанд”.

“Ба гирифтани Шоҳҷоиза ду намоишнома – “Иштибоҳ” ва “Мастер ва Маргарита” пешниҳод шуданд. Бо назардошти касбият, бадеият ва бозигарии ҳунармандон, аз саҳна ба саҳнаи дигар гузаштани онҳо, мусиқӣ ва ороиши саҳна ба намоишномаи “Мастер ва Маргарита” бартарият дода шуд”, - гуфт Табарӣ.

Ӯ илова кард, ки ба намоишномаи “Иштибоҳ” ҷоизаи ба номи Хушназар Майбалиев дода шуд ва ин баъд аз Шоҳҷоиза, мақоми баландтарин аст.

Муҳаммадуллоҳи Табарӣ зикр намуд, ки хулосаи ҳакамон боадолатона буд ва ҳайати ҳакамон онро шарҳу тавзеҳ дода метавонанд.

Муҳаммадуллоҳи Табарӣ

Барои рафъи баҳсҳо Муҳаммадуллоҳи Табарӣ пешниҳод дорад, ки масъулини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мизи гирд ташкил карда, доварон ва ҳунармандонро рӯбарӯ шинонанд, то аз ҷониби доварон камбудиҳо ироа гарданд.

Бояд гуфт, ки ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ - “Парасту-2023” ҳар ду сол як маротиба дар Душанбе баргузор карда мешавад. Имсол ҷашнвораи “Парасту-2023” ба 85-умин солгарди зодрӯзи Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев бахшида шуд.

Ҷашнвораи имсола 27-уми апрел оғоз шуда, дар он 18 театри касбии мамлакат намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир рӯи саҳна омадаанд, пешниҳоди тамошобинон ва ҳакамони озмун карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.