Дар арафаи соли нави хониши имсола дар шаҳри Бохтар 12 мудири боғчаҳои кӯдакона бо сабабҳои гуногун аз вазифа озод шуданд.
Як манбаъ дар шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” гуфт, қисме аз мудирон бинобар сабаби ба синни нафақа расидан, қисми дигар аз атестатсияи вазорати маориф нагузаштан ва боқимонда бинобар мутобиқ набудани маълумоташон барканор шудаанд.
“Онҳое, ки аз аттестатсия нагузашта буданд ё маълумоташон мувофиқат намекарданд, супориши Вазорати маориф ва илм омадааст, ки то 1 сентябр аз вазифа озод карда шаванд”, - гуфт манбаи мо.
Аз 12 мудири озодшуда 2 нафар аллакай ба вазифаи директори мактаб таъин шудаву дигаронаш дар баррасии бахши кадрҳои шуъбаи маориф қарор доранд.
Ба гуфти манбаъ, нафароне, ки таҷрибаи зиёд доранд, эҳтимол мушовири шуъбаи маориф ва чанд нафари дигар муовинони директори мактабҳо таъин шаванд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки барои мувофиқа ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 9 номзад ба вазифаҳои мудирони боғчаҳо пешниҳод шудааст.
“Айни ҳол номзадҳои пешниҳодшуда омӯхта мешаванд ва давоми ду ё се рӯзи оянда мудирон таъин хоҳанд шуд”, - гуфт ӯ.
Бояд гуфт, ки баъди атестатсия мудирони боғчаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо, ки онро Вазорати маориф ва илми кишвар гузаронд, чандин нафар мудирони боғчаҳо ва директорони мактабҳо аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.
Қаблан, дар вилояти Суғд пас аз баргузории аттестатсияи давлатӣ 61 директори мактаб аз вазифаҳо озод шуда буданд. Баъзе директорҳо ба оддитарин саволҳои аъзои комиссияи аттестатсионӣ посух гуфта натавонистаанд.
“Бе зарурат ба Русия сафар накунед”. Шарҳи ВКХ Тоҷикистон оид ба банд мондани садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста